https://sputnik.tj/20211031/shirkat-rusiya-ijozat-parvoz-tojikistonro-girift-1043192023.html
Ширкати дигари Русия иҷозати парвоз ба Тоҷикистонро гирифт
Ширкати дигари Русия иҷозати парвоз ба Тоҷикистонро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Боз як ширкати дигари Русия иҷозатномаи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард 31.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-31T15:00+0500
2021-10-31T15:00+0500
2021-11-01T18:27+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101664/71/1016647109_0:186:3228:2002_1920x0_80_0_0_6cd77008c8e42262baf3860beeb74f87.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Иркутск "ИрАэро" аз Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ барои парвоз ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст. Интизор меравад, ки парвозҳо ба Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд аз шаҳрҳои мухталифи Русия: Архангелск, Брянск, Грозний, Мурманск ва ғайра анҷом дода шаванд.Иҷозат барои ду парвоз дар як ҳафта дода шудааст, аммо ширкати ҳавопаймоӣ ҳанӯз эълон накардааст, ки кадом хатсайрҳо боз мешаванд. Илова бар ин Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ иҷозат дод, ки ба АМА, Туркия ва Юнон парвоз кунад.Тавре аз Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар доданд, аз аввали моҳи октябр густариши шумори парвозҳо аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар барнома аст.
https://sputnik.tj/20210920/iftitoh-parvoz-rusiya-tojikiston-1042376275.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101664/71/1016647109_156:0:3073:2188_1920x0_80_0_0_f640fc7650863cd0882012fd14c7b26c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
Ширкати дигари Русия иҷозати парвоз ба Тоҷикистонро гирифт
15:00 31.10.2021 (Навсозишуда: 18:27 01.11.2021) Боз як ширкати дигари Русия иҷозатномаи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Иркутск "ИрАэро" аз Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ барои парвоз ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст.
Интизор меравад, ки парвозҳо ба Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд аз шаҳрҳои мухталифи Русия: Архангелск, Брянск, Грозний, Мурманск ва ғайра анҷом дода шаванд.
Иҷозат барои ду парвоз дар як ҳафта дода шудааст, аммо ширкати ҳавопаймоӣ ҳанӯз эълон накардааст, ки кадом хатсайрҳо боз мешаванд. Илова бар ин Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ иҷозат дод, ки ба АМА, Туркия ва Юнон парвоз кунад.
Тавре аз Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар доданд, аз аввали моҳи октябр густариши шумори парвозҳо аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар барнома аст.