https://sputnik.tj/20211031/maqomot-muhojiron-holati-bedarak-rusiya-1043188031.html
Мақомот ба муҳоҷирон гуфтанд, дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард
Мақомот ба муҳоҷирон гуфтанд, дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки дар сурати бедарак шудани наздикон ё сар задани ҳодисаҳои нохуш фавран ба мақомоти марбутаи Русия ё намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд
2021-10-31T10:50+0500
2021-10-31T10:50+0500
2021-11-01T16:07+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
муроҷиат
бедарак шудан
бедарак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:173:3099:1916_1920x0_80_0_0_8e3fb3148677559ef04c5d02673adc72.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.Манбаъ шарҳ додааст, ки агар узви оила ва пайвандони муҳоҷири корӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии пулиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки агар бедаркашуда шаҳрванди Тоҷикистон бошад, пайвандон ва хешу ақрабои ӯ бояд ба консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар барои мусоидат ва саривақт пайдо намудан муроҷиат намоянд.Намояндагӣ зикр кардааст, ки агар маҳалли бедаракшавии шаҳрванд дар минтақаҳои Русия бошад, вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шаҳрвандон метавонанд ба консулгарии генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.Намояндагӣ ёдовар шудааст, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани маълумоти иловагӣ дар ба шахси бедаракшуда ва пайдо гардидани он дар ҷойи истиқомат ва ё макони муайяни пайвандону наздикон муроҷиаткунанда вазифадор аст, ки мақомоти марбутаро аз пайдо шудани шахси бедаркшуда огоҳ намояд.Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки ҳангоми ба ҷойи кор рафтан ва ё дар ҳолатҳои берун аз корӣ шаҳрванд ҳатман бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20211029/tavsiyai-maqomot-muhojiron-mehnati-mahdudiyat-maskav-1043174459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408781_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0b65c76ca586af01153276de5d00c01f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷирони мехнатӣ, тавсия, бедарак шудан, ҳодисаи нохуш
тоҷикистон, русия, муҳоҷирони мехнатӣ, тавсия, бедарак шудан, ҳодисаи нохуш
Мақомот ба муҳоҷирон гуфтанд, дар ҳолати бедарак шудани наздикон дар Русия чӣ бояд кард
10:50 31.10.2021 (Навсозишуда: 16:07 01.11.2021) Мақомоти Тоҷикистон шарҳ додаанд, ки дар сурати бедарак шудани наздикон ё сар задани ҳодисаҳои нохуш дар Русия наздикони онҳо ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.
Манбаъ шарҳ додааст, ки агар узви оила ва пайвандони муҳоҷири корӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии пулиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.
“Муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти бедаракшуда, маълумоти мухтасар дар бораи ҷоийи зист, ҷойи кор, наздикону пайвандон, ҳамкорон, дӯстон ва маълумот дар бораи симои зоҳириву охирон маълумот дар бораи шахси бедаракшуда, рақами мобилӣ ва расми рангаи онро бояд бо худ дошта бошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки агар бедаркашуда шаҳрванди Тоҷикистон бошад, пайвандон ва хешу ақрабои ӯ бояд ба консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар барои мусоидат ва саривақт пайдо намудан муроҷиат намоянд.
Намояндагӣ зикр кардааст, ки агар маҳалли бедаракшавии шаҳрванд дар минтақаҳои Русия бошад, вобаста ба макони ҷойгиршавии худ шаҳрвандон метавонанд ба консулгарии генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
“Дар баробари ин дар Русия ташкилотҳои волонтёрӣ барои пайдо намудани шаҳрвандони бедаракшуда кӯмак менамоянд, ки наздикони бедаракшуда метавонанд вобаста ба ҷойи истиқомат муроҷиат намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Намояндагӣ ёдовар шудааст, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани маълумоти иловагӣ дар ба шахси бедаракшуда ва пайдо гардидани он дар ҷойи истиқомат ва ё макони муайяни пайвандону наздикон муроҷиаткунанда вазифадор аст, ки мақомоти марбутаро аз пайдо шудани шахси бедаркшуда огоҳ намояд.
Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки ҳангоми ба ҷойи кор рафтан ва ё дар ҳолатҳои берун аз корӣ шаҳрванд ҳатман бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дошта бошанд.