https://sputnik.tj/20211030/ulduz-usmonova-ba-dodgoh-kashidand-1043180046.html
Юлдуз Усмоноваро ба додгоҳ кашиданд ва маблағи ҳангуфт ҷарима бастанд
Юлдуз Усмоноваро ба додгоҳ кашиданд ва маблағи ҳангуфт ҷарима бастанд
Sputnik Тоҷикистон
Сароянда бояд ба шоир Юлчӣ Рӯзиева барои нақзи ҳуқуқи муаллиф қуброн пардохт кунад
2021-10-30T13:35+0500
2021-10-30T13:35+0500
2021-11-01T11:57+0500
ӯзбекистон
пардохт
юлдуз усмонова
пардохти ҷубронпулӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103012/57/1030125771_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_7e33c5d6f46a8b4b0d8bd5ff3e6aec48.png
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Приммадонаи санъати Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова муваззаф шудааст, ки ба шоир Юлчӣ Рӯзиев барои поймол кардани ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт кунад. Ин тасмим дар додгоҳи байниноҳиявии Мирзо Улуғбек гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таронаи "Хаста булма"-и Юлчӣ Рӯзиевро, ки ҳанӯз соли 2016 навишта будааст, бидуни пардохти ҳаққи муаллиф иҷро кардааст. Шоир аз болои Усмонова ба додгоҳ шикоят бурдааст ва 29 октябр муҳокимаи озоди ин парванда баргузор шуд. Тибқи иттилои ин ниҳод, мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муаллиф ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳаҷми аз 20 то 1000 арзиши асосии ҳисобӣ ҷубронпулӣ гирад.
https://sputnik.tj/20210619/agentii-ziddi-korrupsiya-surayyo-qosimovaro-jarima-bastaast-dar-kulob-nestu-maosh-megirad-1040317592.html
https://sputnik.tj/20210817/ulduz-usmonova-surud-mepisandad-1041684043.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103012/57/1030125771_254:0:975:541_1920x0_80_0_0_033882ab24546db76323fe9f3589f34b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юлдуз усмонова, додгоҳ, ӯзбекистон
юлдуз усмонова, додгоҳ, ӯзбекистон
Юлдуз Усмоноваро ба додгоҳ кашиданд ва маблағи ҳангуфт ҷарима бастанд
13:35 30.10.2021 (Навсозишуда: 11:57 01.11.2021) Сароянда бояд ба шоир Юлчӣ Рӯзиева барои нақзи ҳуқуқи муаллиф ҷуброн пардохт кунад
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Приммадонаи санъати Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова муваззаф шудааст, ки ба шоир Юлчӣ Рӯзиев барои поймол кардани ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт кунад.
Ин тасмим дар додгоҳи байниноҳиявии Мирзо Улуғбек гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таронаи "Хаста булма"-и Юлчӣ Рӯзиевро, ки ҳанӯз соли 2016 навишта будааст, бидуни пардохти ҳаққи муаллиф иҷро кардааст.
Шоир аз болои Усмонова ба додгоҳ шикоят бурдааст ва 29 октябр муҳокимаи озоди ин парванда баргузор шуд.
"Бо қарори ниҳоии додгоҳ даъво қисман қонеъ карда шуд. Додгоҳ ҷавобгарро муваззаф кард, ки 50 миллион сӯм ҷуброни зарари маънавӣ ва 500 баробар барои нақзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар маҷмуъ 185 миллион сӯмро ташкил медиҳад, ҷуброн кунад", - гуфтанд дар ин ниҳод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муаллиф ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳаҷми аз 20 то 1000 арзиши асосии ҳисобӣ ҷубронпулӣ гирад.