Солеҳ: Халилзод ҷумҳуриятро монанди буз қурбонӣ мекард

© REUTERS \ OMAR SOBHANI Амрулла Салех

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури худхондаи Афғонистон мегӯяд, ки фиристодаи пешини Амрико дар умури ин кишвар ҷумҳуриятро аз лиҳози истротежик монанди бузи қурбонӣ то ҳангом забҳ муроқибат мекард
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Раисҷумҳури худхондаи Афғонистон дар саҳифаи твиттериаш навишт: “Халилзод тарроҳи фиреби бузург буд, аз лиҳози стратегӣ кушид, то ҷумҳуриятро монанд бузи қурбонӣ то лаҳзаи забҳ муроқибат кунад".
Ба қавли ӯ, Халилзод дар мусоҳибаҳояш достонро содда карда, дигаронро гунаҳкор мекунад, аммо ин амал бӯи шикасти ӯро аз байн намебарад.
"Халилзод ба ҷои пазируфтани масъулияти ин фоҷеа ҳанӯз ҳам талош дорад, бо истифода суъ аз ниёзмандӣ ва бечорагӣ афғонҳо, бо пошидани намак рӯи захмҳои мардум онҳоро муқассир ҳисоб кунад", - афзуд оқои Солеҳ.
Инчунин раисҷумҳури худхондаи Афғонистон дар идома суол кард: “Чаро якборагӣ калимаи "Шӯрои Кветта" нопадид шуд? Шиор ё чаҳор банди тавофуқномаи Доҳа куҷо шуд?”
Бояд қайд кард, ки Залмай Халилзод дар изҳороти ахири худ гуфт, якравии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон ва "худпарастӣ"-и нухбагон боиси суқути ҳукумати пешини Афғонистон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0