https://sputnik.tj/20211029/shikoyat-sokin-rudaki-milisa-1043162068.html
Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд
Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ як марди 32-сола ҳаммаҳали худро фиреб дода, ҳам пул ва ҳам се мошинашро муфт аз худ намудааст 29.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-29T14:00+0500
2021-10-29T14:00+0500
2021-10-29T14:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/86/1022268683_0:49:2373:1384_1920x0_80_0_0_c17d8672bd0a6e0c6e41267ba5e6b577.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд.Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст.Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, ӯро як сокини ҷамоати деҳоти Русияи ҳамин ноҳия фиреб додааст.Ин мард ба ҳаммаҳали 31-солаи худ барои рушди тиҷораташ 275 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Илова бар ин ба ӯ се адад автомашинаи "Опел-Зефира", "Опел-Астра" ва "Опел-Вектра" додааст, ки ин се худравро 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буданд.Тибқи шикояти сокини Рӯдакӣ, бо гузашти 5 моҳ қарзгиранда на мошинҳояшро овардаву на маблағро.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, шикояткунанда ҳудуди 5050 ҳазор сомонӣ фиреб хӯрдааст ва ҳоло тафтишоти ин ҳодисаро кормандони милиса идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20211025/bozdosht-maqomdor-khadamot-kuhkori-1043073978.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/86/1022268683_132:0:2241:1582_1920x0_80_0_0_fde5d776d1032c9f475e0d72913d8399.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд, қаллобӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, вкд, қаллобӣ
Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ як марди 32-сола ҳаммаҳали худро фиреб дода, ҳам пул ва ҳам се мошинашро муфт аз худ намудааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, ӯро як сокини ҷамоати деҳоти Русияи ҳамин ноҳия фиреб додааст.
Ин мард ба ҳаммаҳали 31-солаи худ барои рушди тиҷораташ 275 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Илова бар ин ба ӯ се адад автомашинаи "Опел-Зефира", "Опел-Астра" ва "Опел-Вектра" додааст, ки ин се худравро 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буданд.
Тибқи шикояти сокини Рӯдакӣ, бо гузашти 5 моҳ қарзгиранда на мошинҳояшро овардаву на маблағро.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, шикояткунанда ҳудуди 5050 ҳазор сомонӣ фиреб хӯрдааст ва ҳоло тафтишоти ин ҳодисаро кормандони милиса идома медиҳанд.