https://sputnik.tj/20211029/khf-favt-du-nafar-rasht-qumsangir-1043160758.html
КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт
КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт
Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаки 6-сола бинобар беаҳамиятии калонсолон дар канали об ғарқ шуда, ҷон бохтааст 29.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-29T13:20+0500
2021-10-29T13:20+0500
2021-10-29T13:20+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
ғарқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 октябрь — Sputnik. Дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як кӯдаки 6-сола дар об ғарқ шуда, ҷон бохтаст, хабар дод КҲФ.Ба иттилои манбаъ, ноболиғ бидуни назорати волидону калонсолон ба канали Қумсангир сарозер шудааст. Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро 400 метр дуртар аз макони ҳодиса дарёфт намуда, ба волидони ӯ супурдаанд.Гузашта аз ин як мавриди ғарқшавии дигар дар ноҳияи Рашт ба вуқуъ пайвастааст.Манбаъ меафзояд, сокини 39-солаи деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм, ки бемори рӯҳӣ будааст, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯ 12 километр дуртар аз макони зисташ пайдо гаштааст. Наҷотбахшон ҷасадро аз деҳаи Деҳқонобод, аз лаби рӯди Сурхоб пайдо ва ба мақомоти марбута таслим намудаанд.КҲФ бо нашри ин ду хабари нохуш аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки кӯдаконро бидуни назорат нагузоранд ва дар назди рӯду каналҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20210721/shahrvand-chin-kanal-yovon-gharq-1041038837.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ғарқ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ғарқ
КҲФ аз фавти ду нафар дар Рашту Панҷ хабар дод: Яке 6 ва дигаре 39 сол дошт
Кӯдаки 6-сола бинобар беаҳамиятии калонсолон дар канали об ғарқ шуда, ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 29 октябрь — Sputnik. Дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як кӯдаки 6-сола дар об ғарқ шуда, ҷон бохтаст, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ноболиғ бидуни назорати волидону калонсолон ба канали Қумсангир сарозер шудааст. Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро 400 метр дуртар аз макони ҳодиса дарёфт намуда, ба волидони ӯ супурдаанд.
Гузашта аз ин як мавриди ғарқшавии дигар дар ноҳияи Рашт ба вуқуъ пайвастааст.
Манбаъ меафзояд, сокини 39-солаи деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм, ки бемори рӯҳӣ будааст, аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯ 12 километр дуртар аз макони зисташ пайдо гаштааст.
Наҷотбахшон ҷасадро аз деҳаи Деҳқонобод, аз лаби рӯди Сурхоб пайдо ва ба мақомоти марбута таслим намудаанд.
КҲФ бо нашри ин ду хабари нохуш аз тамоми шаҳрвандон даъват намудааст, ки кӯдаконро бидуни назорат нагузоранд ва дар назди рӯду каналҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.