Имзои ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат ва Донишгоҳи федералии Урал

© Министерство труда, миграции и занятости РТМинтруд РТ и Уральский федеральный университет подписали меморандум
Минтруд РТ и Уральский федеральный университет подписали меморандум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Донишгоҳи федералии Урал Ёддошти тафоҳуми дӯстӣ ва ҳамкории муштарак имзо кард
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи нахустин перзиденти Федератсияи Русия Б.Н. Елтсин Ёддошти тафоҳуми дӯстӣ ва ҳамкории муштарак ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Бинобар иттилои манбаъ, дар маросими мазкур, ки 28 октябр баргузор шуд, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ва ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елсин Виктор Анатолевич иштирок намуданд.
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Тоҷикистон бо вилояти Липетски Русия додугирифт хоҳад кард
Таъкид шудааст, ки муқаррароти асосии ёддошти тафоҳуми рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар бахши таҳсил, қабули донишҷӯён, касбомӯзӣ, омода намудани мутахассисон дар донишгоҳи мазкур, табодули таҷриба, баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар ҳамкориҳои муштаракро фаро мегирад.
Ҳамчунин мулоқоти муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи Федералии Урал Виктор Анатолевич ва соири намоядагони ҳар ду ҷониб низ баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0