Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Николай Волков / Гузариш ба медиабонкПоляна Сулоева. Международный альпинистский лагерь. Ледник Фортамбек. Памир.
Поляна Сулоева. Международный альпинистский лагерь. Ледник Фортамбек. Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 29 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво номусоид шуда борону барф меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунгук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то1 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.
Давои ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 4-6, рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0