https://sputnik.tj/20211029/facebook-sukerberg-alternativai-nav-1043157069.html
"Facebook" дигар нахоҳад буд: Сукерберг унвони нав пешниҳод кард
"Facebook" дигар нахоҳад буд: Сукерберг унвони нав пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Мудири генералии Facebook Марк Сукерберг аз тағйири номи ширкат эълон кард, ки яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ бренди худро иваз мекунад
2021-10-29T11:40+0500
2021-10-29T11:40+0500
2021-10-29T11:52+0500
дар ҷаҳон
facebook
марк сукерберг
шабакаҳои иҷтимоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102073/56/1020735668_0:156:3155:1930_1920x0_80_0_0_a2f9b1638c6c4a733d686f3cfa05c027.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муассиси "Facebook" Марк Сукерберг эълон кард, ки номи шабакаи иҷтимоиро ба "Meta" иваз мекунад. Вай дар ин бора дар ҷараёни чорабинии "Oculus Connect 2021" дар зимни муаррифии лоиҳаи нав эълон кард. "Аз ин ба баъд моро "Мета" ном хоҳанд бурд", - гуфт Сукерберг ва фавран логотипи навро дар шакли тасмаи кабуди "Мобиус" муаррифӣ кард. Дар мавриди номи нав бошад, муассис пайдоиши онро шарҳ дод. Ба гуфти Марк Сукерберг, бренди нав таваҷҷуҳро ба метаверс ҷалб мекунад. Тибқи идеяи глобалии ӯ, корбар экранро тарк ва таъсири ҳузурро дар воқеияти виртуалӣ эҳсос мекунад. Дар ҳамин ҳол ин миллиардер таъкид кардааст, ки ба далели тағйири бренд номи хидматрасониҳои дигари ширкат низ иваз нахоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз бузургтарин шабакаи иҷтимоии "Facebook", ин ширкат соҳиби "Messenger", "WhatsApp" ва "Instagram" ҳам мебошад. Ёдовар мешавем, ки "Facebook" бо номи кунунии худ аз соли 2014 вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20210119/Dushanbe-andoz-Facebook-Google-1032654424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102073/56/1020735668_100:0:2829:2047_1920x0_80_0_0_351a35d0060452d8f23a1aa65dcb7248.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
facebook, нест мешавад, сукерберг
facebook, нест мешавад, сукерберг
"Facebook" дигар нахоҳад буд: Сукерберг унвони нав пешниҳод кард
11:40 29.10.2021 (Навсозишуда: 11:52 29.10.2021) Мудири кулли "Facebook" Марк Сукерберг аз тағйири номи ширкат хабар дод, ки ба гуфтаи ӯ, яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ бренди худро иваз мекунад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муассиси "Facebook" Марк Сукерберг эълон кард, ки номи шабакаи иҷтимоиро ба "Meta" иваз мекунад.
Вай дар ин бора дар ҷараёни чорабинии "Oculus Connect 2021" дар зимни муаррифии лоиҳаи нав эълон кард.
"Аз ин ба баъд моро "Мета" ном хоҳанд бурд", - гуфт Сукерберг ва фавран логотипи навро дар шакли тасмаи кабуди "Мобиус" муаррифӣ кард.
Дар мавриди номи нав бошад, муассис пайдоиши онро шарҳ дод.
"Калимаи "Meta" аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш "баъдӣ" аст. Барои ман ин рамзи он аст, ки шумо ҳамеша метавонед чизи дигаре созед", - гуфт роҳбари ширкат.
Ба гуфти Марк Сукерберг, бренди нав таваҷҷуҳро ба метаверс ҷалб мекунад. Тибқи идеяи глобалии ӯ, корбар экранро тарк ва таъсири ҳузурро дар воқеияти виртуалӣ эҳсос мекунад.
Дар ҳамин ҳол ин миллиардер таъкид кардааст, ки ба далели тағйири бренд номи хидматрасониҳои дигари ширкат низ иваз нахоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз бузургтарин шабакаи иҷтимоии "Facebook", ин ширкат соҳиби "Messenger", "WhatsApp" ва "Instagram" ҳам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки "Facebook" бо номи кунунии худ аз соли 2014 вуҷуд дорад.