https://sputnik.tj/20211029/chin-poygohho-nizomi-osiyoi-markazi-rad-kard-1043165937.html
Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард
Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи Чин тарҳи бунёди пойгоҳи вижа дар дараи Вахони ВМКБ рад накард 29.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-29T15:17+0500
2021-10-29T15:17+0500
2021-10-29T15:17+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
чин
вмкб
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043163717_0:0:2501:1407_1920x0_80_0_0_3e411974a50ae3ff9756dc9d11ccfe64.jpg
ДУШАНБЕ, 29 октябр — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ надорад.Дар ҳамин ҳол, ӯ мустақиман ба ин суол бо дархости тасдиқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои Вазорат посух надод.Қаблан маълум шуд, ки мақомоти Чин қасд доранд дар дараи Вахон як пойгоҳи вижа бунёд кунанд.Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон тарҳи таъсиси пойгоҳ дар ВМКБ дар наздикии марз бо Афғонистонро тасвиб кард. Зимнан зикр гардид, ки он бар асоси созишномаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохта мешавад.Назорати пойгоҳро Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Чин барои сохтмон ҳудуди 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 9 миллион доллар) ихтисос медиҳад.
https://sputnik.tj/20210510/amriko-tojikiston-poygoh-rusiya-chin-1039345051.html
чин
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1d/1043163717_0:0:2223:1667_1920x0_80_0_0_0fb289d10bf2421876900d6d3f8b9a12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , чин, вмкб, марз
дар ҷаҳон, сиёсат , чин, вмкб, марз
Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи Чин тарҳи бунёди пойгоҳи вижа дар дараи Вахони ВМКБ рад накард
ДУШАНБЕ, 29 октябр — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ надорад.
"Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи низомӣ надорад", - гуфт дипломат.
Дар ҳамин ҳол, ӯ мустақиман ба ин суол бо дархости тасдиқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои Вазорат посух надод.
Қаблан маълум шуд, ки мақомоти Чин қасд доранд дар дараи Вахон як пойгоҳи вижа бунёд кунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон тарҳи таъсиси пойгоҳ дар ВМКБ дар наздикии марз бо Афғонистонро тасвиб кард. Зимнан зикр гардид, ки он бар асоси созишномаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохта мешавад.
Назорати пойгоҳро Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ анҷом медиҳад.
Чин барои сохтмон ҳудуди 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 9 миллион доллар) ихтисос медиҳад.