https://sputnik.tj/20211028/zanozani-ommavi-qazoqiston-navor-1043150347.html
Задухӯрди оммавӣ дар Қазоқистон - навор
Задухӯрди оммавӣ дар Қазоқистон - навор
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин занозанӣ як нафар шадидан осеб дид ва ӯро фавран ба бемористон интиқол доданд 28.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-28T19:10+0500
2021-10-28T19:10+0500
2021-10-28T21:55+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_0:126:3073:1854_1920x0_80_0_0_7e3d38e94a34e0c26396b33ade1c8c81.jpg
ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Дар яке аз минтақаҳои Қазоқистон миёни мактаббачагон занозанӣ сар зад. Манобеи Sputnik Қазоқистон хабар медиҳанд, дар деҳаи Пидҷими вилояти Алмаато, ки дар наздикии марз бо Чин воқеъ аст ва аксари аҳолияшро уйғурҳо ташкил медиҳанд, задухӯрди оммавӣ сурат гирифт.Гуфта мешавад, иштирокчиёни он тирезаҳои манзилҳои сокинон ва мошинҳоро шикастанд.Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Зикр гардид, ки яке аз наврасон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол ёфт.Дар ҳамин ҳол Мая Бекбоева, намояндаи расмии Анҷумани мардуми Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар карда, сарусадоҳо дар бораи ҷанбаи миллӣ доштани ин задухӯрдро рад кард. Ба гуфтаи вай, сокинони маҳаллӣ - қазоқҳо ва уйғурҳо солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекунанд, дӯсту ҳамсояанд ва ҳама самимона сулҳу оромиро мехоҳанд.
https://sputnik.tj/20210827/bozdosht-20-muhojir-zanozani-maskav-1041927753.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_53e9d2460f2f082c0b94af63479685cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қазоқистон, осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қазоқистон, осиёи марказӣ
Задухӯрди оммавӣ дар Қазоқистон - навор
19:10 28.10.2021 (Навсозишуда: 21:55 28.10.2021) Дар ин занозанӣ як нафар шадидан осеб дид ва ӯро фавран ба бемористон интиқол доданд
ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Дар яке аз минтақаҳои Қазоқистон миёни мактаббачагон занозанӣ сар зад.
Манобеи Sputnik Қазоқистон хабар медиҳанд, дар деҳаи Пидҷими вилояти Алмаато, ки дар наздикии марз бо Чин воқеъ аст ва аксари аҳолияшро уйғурҳо ташкил медиҳанд, задухӯрди оммавӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни он тирезаҳои манзилҳои сокинон ва мошинҳоро шикастанд.
Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Зикр гардид, ки яке аз наврасон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол ёфт.
Дар ҳамин ҳол Мая Бекбоева, намояндаи расмии Анҷумани мардуми Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар карда, сарусадоҳо дар бораи ҷанбаи миллӣ доштани ин задухӯрдро рад кард.
Ба гуфтаи вай, сокинони маҳаллӣ - қазоқҳо ва уйғурҳо солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекунанд, дӯсту ҳамсояанд ва ҳама самимона сулҳу оромиро мехоҳанд.