https://sputnik.tj/20211028/tolibon-doha-namoyandagon-davlat-kumak-khostand-1043140491.html
"Толибон"* дар Доҳа аз намояндагони 14 давлат кумак хост
"Толибон"* дар Доҳа аз намояндагони 14 давлат кумак хост
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намуд, ки ба Амрико фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишварро озод кунад 28.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-28T13:20+0500
2021-10-28T13:20+0500
2021-10-28T14:14+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Доҳа "Толибон"* бо намояндагони 14 давлати ҷаҳон мулоқот кард. Дар ин бора Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* хабар додааст.Каримӣ ҳамаи кишварҳое, ки дар ин дидор намоянда доштаанд, ёд накардааст, балки танҳо зикр намудааст, дар мулоқот бо "Толибон"* намояндагони Олмон, Ҷопон, Зеландияи Нав ва Норвегия ҳузур доштанд.Ба таъкиди ӯ, "Толибон"*-ро дар ин вохӯрӣ Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон роҳбарӣ менамуд.Гуфта мешавад, Муттақӣ ба намояндагони 14 давлати ҷаҳон аз мушкилиҳои иқтисодӣ, таҳрим ва ҳамзамон мубориза бо фасод гуфтааст. Илова бар ин ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ба Афғонистон фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон, ки дар кишварҳои хориҷ баста шудаанд, раҳо шаванд.Муттақӣ дар ин вохӯрӣ изҳор доштааст, ки "Толибон"* тамоми шарту шароитро барои расман эътироф шудани ҳукумати феълии Афғонистон иҷро намудааст.Ёдовар мешавем, ки алъон ҳеҷ кишваре ҳукумати "Толибон"*-ро ба расмият нашинохтааст ва барои қабул кардани он чанд шарт гузошта шудааст.Умдатарин шарте, ки барои ба расмият шинохтани "Толибон"* гузошта шудааст, ин ташкил намудани ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст; чизе, ки "Толибон"* мегӯяд, аллакай иҷро кардааст. Илова бар ин аз намояндагони ин гурӯҳ талаб гардидааст, ки ҳуқуқ ва озодии занону духтаронро поймол, онҳоро аз ҳаққи таҳсилу фаъолият маҳрум накунанд.* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211010/tolibon-amriko-tahdid-1042749352.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , афғонистон, толибон, осиёи марказӣ
сиёсат , афғонистон, толибон, осиёи марказӣ
"Толибон"* дар Доҳа аз намояндагони 14 давлат кумак хост
13:20 28.10.2021 (Навсозишуда: 14:14 28.10.2021) "Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намуд, ки ба Амрико фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон дар хориҷи кишварро озод кунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Доҳа "Толибон"* бо намояндагони 14 давлати ҷаҳон мулоқот кард. Дар ин бора Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* хабар додааст.
Каримӣ ҳамаи кишварҳое, ки дар ин дидор намоянда доштаанд, ёд накардааст, балки танҳо зикр намудааст, дар мулоқот бо "Толибон"* намояндагони Олмон, Ҷопон, Зеландияи Нав ва Норвегия ҳузур доштанд.
Ба таъкиди ӯ, "Толибон"*-ро дар ин вохӯрӣ Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон роҳбарӣ менамуд.
Гуфта мешавад, Муттақӣ ба намояндагони 14 давлати ҷаҳон аз мушкилиҳои иқтисодӣ, таҳрим ва ҳамзамон мубориза бо фасод гуфтааст. Илова бар ин ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ба Афғонистон фишор оранд, то дороиҳои Афғонистон, ки дар кишварҳои хориҷ баста шудаанд, раҳо шаванд.
Муттақӣ дар ин вохӯрӣ изҳор доштааст, ки "Толибон"* тамоми шарту шароитро барои расман эътироф шудани ҳукумати феълии Афғонистон иҷро намудааст.
Ёдовар мешавем, ки алъон ҳеҷ кишваре ҳукумати "Толибон"*-ро ба расмият нашинохтааст ва барои қабул кардани он чанд шарт гузошта шудааст.
Умдатарин шарте, ки барои ба расмият шинохтани "Толибон"* гузошта шудааст, ин ташкил намудани ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст; чизе, ки "Толибон"* мегӯяд, аллакай иҷро кардааст. Илова бар ин аз намояндагони ин гурӯҳ талаб гардидааст, ки ҳуқуқ ва озодии занону духтаронро поймол, онҳоро аз ҳаққи таҳсилу фаъолият маҳрум накунанд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия