Бесарнавиштии зани тоҷик дар Кобул: Сафорати Тоҷикистон ба додаш нарасид - навор

© Youtube / TOLOnewsБездомная таджикская женщина в Кабуле
Бездомная таджикская женщина в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Обуна шудан
Ин зан 17 сол қабл бо шавҳараш, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад, ба Ватани ӯ сафар кард ва ҳоло пас аз фавти ягона фарзандаш бесаробон монд. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба мушкилоти ӯ расидагӣ намекунад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бекназар номи ин зани тоҷик аст ва ӯ ҳанӯз 17 сол қабл ҳамроҳи ҳамсари афғонистонияш ба Афғонистон сафар карда, ҳоло дар ин кишвар зиндагии мушкиле дорад, менависад "ToloNews".
Ин зани тоҷик, ки бесарпаноҳ мондааст, ҳоло дар кӯчаҳои Кобул ба сар мебарад ва ба мушкилоти сангине рӯ ба рӯст.
Ӯ ва ҳамсараш соҳиби як фарзанд буданд, ки дар пулиси маҳаллӣ ифои вазифа мекардааст ва дар зимни иҷрои вазифа кушта шудааст.
Пас аз марги фарзанд, муносибати шавҳараш бо ӯ низ тағйир ёфта, зан мавриди хушунат қарор гирифтааст.
Ба нақли ин зан, ҳамсараш ду моҳ қабл ӯро партофта ва аз Афғонистон низ берун рафтааст. Ӯ дар куҷо будани ҳамсарашро намедонад.

"Ту хатарнок ҳастӣ ва ба ман зарар мерасонӣ", - гуфтааст ба Бекназар шавҳараш пеш аз тарки Афғонистон.

Аммо ӯ мегӯяд, аз рафтани шавҳари худ парвое надорад, зеро ягона нафаре, ки ғами ӯро мехӯрд, фарзандаш буд ва ҳоло ӯ дигар чизе барои ғам хӯрдан надорад.
Дар идома ин зан аз сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон шиква намуда, изҳор мекунад, ки борҳо ба ин ниҳод муроҷиат кардааст, то ӯро аз Афғонистон берун баранд.
"Аммо ҳар бор ба муроҷиатҳои ман ҷавоби рад медоданд", - мегӯяд ӯ.
Ҳоло Бекназар аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар дархост менамояд, ки ӯро берун аз Афғонистон, ба кишваре интиқол диҳанд, ки барояш тамоман бегона бошад.
"Ба кишвари дур баранд, ки ягон касро нашиносам ва шояд аз бегонагиву танҳоӣ бимирам", - бо алам изҳор доштааст Бекназар.
Лентаи хабарҳо
0