https://sputnik.tj/20211028/futbolboz-ukraini-tim-milli-tojikiston-shomil-1043134656.html
Эҳтимол футболбози украинӣ ба тими миллии Тоҷикистон ворид шавад
Эҳтимол футболбози украинӣ ба тими миллии Тоҷикистон ворид шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вақте ки Алексей Ларин, бозигари “Истиқлол”-и Душанбе шаҳрвандии Тоҷикистонро мегирад, ба ӯ дар футболи минтақа имкони бештар фароҳам меорад.
2021-10-28T09:30+0500
2021-10-28T09:30+0500
2023-07-04T17:42+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
тими "истиқлол"
мунтахаби футболбозони тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043134293_0:0:889:500_1920x0_80_0_0_da772351924fad59704c4b5012f5fc6c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Легионери украинии "Истиқлол"-и пойтахт Алексей Ларин ба зудӣ шаҳрванди Тоҷикистон мешавад ва пас аз он метавонад дар тими миллии футболи кишвар бозӣ кунад. Қарор аст, ки бозигар ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб шавад, зеро ӯ дар тими миллии калонсолони кишвараш бозӣ намекард.Аммо дар ин ҷо як мушкил аст, ки Ларин баъди ду соли дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар ҳайати яккачини кишвар бозӣ кунад.Алексей Ларин соли 2019 ба Душанбе омад, аммо дар ин муддат ӯ ба як бозигари устувор дар бошгоҳи худ табдил ёфта, хешро на танҳо дар чемпионати Тоҷикистон, балки дар арсаи Осиё низ нишон дод. Зимнан дар мавсими соли 2020 ӯ дар охири сол беҳтарин легионери кишвар эътироф гардид.Ӯ аз дастаи "Арсенал"-и Киев ба "Истиқлол"-и Душанбе гузашт, дар ҳоле ки қаблан дар тими "Дунав"-и шаҳри Русеи Булғористон бозӣ мекард. Ин бозигар фаъолияти худро аз бошгоҳи "Днепр"-и Украина оғоз кардааст. Ӯ дар "Истиқлол" ба унвони ҳимоятгар 82 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст. Дар Тоҷикистон ӯро яке аз гаронарзиштарин футболбозон медонанд. "Transfermarkt" вайро 350 ҳазор евро арзёбӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дарвозабони серб Никола Стошич, собиқ бозигари тими “Истиқлол” низ шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта буд, вале ҳеҷ гоҳ ба тими миллии Тоҷикистон даъват нашудааст.
https://sputnik.tj/20211021/reyting-fifa-tojikiston-pesh-1043014215.html
https://sputnik.tj/20211016/muntakhab-tojikiston-sarmurabbi-nomzad-1042913443.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043134293_106:0:773:500_1920x0_80_0_0_c2751e0a8ffbea599a9f5e140b0c4b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футболбоз украинӣ тим тоҷикистон
футболбоз украинӣ тим тоҷикистон
Эҳтимол футболбози украинӣ ба тими миллии Тоҷикистон ворид шавад
09:30 28.10.2021 (Навсозишуда: 17:42 04.07.2023) Вақте ки Алексей Ларин, бозигари “Истиқлол”-и Душанбе шаҳрвандии Тоҷикистонро мегирад, ба ӯ дар футболи минтақа имкони бештар фароҳам меорад.
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Легионери украинии "Истиқлол"-и пойтахт Алексей Ларин ба зудӣ шаҳрванди Тоҷикистон мешавад ва пас аз он метавонад дар тими миллии футболи кишвар бозӣ кунад.
Қарор аст, ки бозигар ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб шавад, зеро ӯ дар тими миллии калонсолони кишвараш бозӣ намекард.
Аммо дар ин ҷо як мушкил аст, ки Ларин баъди ду соли дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар ҳайати яккачини кишвар бозӣ кунад.
Алексей Ларин соли 2019 ба Душанбе омад, аммо дар ин муддат ӯ ба як бозигари устувор дар бошгоҳи худ табдил ёфта, хешро на танҳо дар чемпионати Тоҷикистон, балки дар арсаи Осиё низ нишон дод.
Зимнан дар мавсими соли 2020 ӯ дар охири сол беҳтарин легионери кишвар эътироф гардид.
Ӯ аз дастаи "Арсенал"-и Киев ба "Истиқлол"-и Душанбе гузашт, дар ҳоле ки қаблан дар тими "Дунав"-и шаҳри Русеи Булғористон бозӣ мекард. Ин бозигар фаъолияти худро аз бошгоҳи "Днепр"-и Украина оғоз кардааст.
Ӯ дар "Истиқлол" ба унвони ҳимоятгар 82 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст.
Дар Тоҷикистон ӯро яке аз гаронарзиштарин футболбозон медонанд. "Transfermarkt" вайро 350 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш дарвозабони серб Никола Стошич, собиқ бозигари тими “Истиқлол” низ шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифта буд, вале ҳеҷ гоҳ ба тими миллии Тоҷикистон даъват нашудааст.