"Bloomberg": Фармони Путин Аврупоро наҷот хоҳад дод
18:31 28.10.2021 (Навсозишуда: 21:31 28.10.2021)
© Sputnik / Aleksey Nikolskyi / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин наблюдает за демонстрационными полетами пилотажных групп во время посещения XIII Международного авиационно-космического салона МАКС-2017 в подмосковном Жуковском
© Sputnik / Aleksey Nikolskyi
/ Обуна шудан
Ин бори аввал нест, ки раҳбари Русия Иттиҳодияи Урупоро аз буҳрон наҷот медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дастури кишвардори Русия Владимир Путин дар мавриди пур кардани анборҳои зеризаминии газ дар Урупо барои ба эътидол овардани буҳрони энержӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи Урупо мусоидат мекунад. Дар ин бора "Bloomberg" хабар медиҳад.
Пештар Владимир Путин аз “Газпром” дархост карда буд, ки дар авоили ноябр ба пур кардани анборҳои Урупо шуруъ кунад.
Вай изҳори итминон кард, ки таъмини устувори шарикон ба коҳиши ташаннуҷ дар бозорҳо мусоидат мекунад.
"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки пас аз анҷоми интиқоли газ ба анборҳои зеризаминии газ дар Русия то 8 ноябр ба кори нақшавӣ барои афзоиши ҳаҷми газ дар иншооти Урупо, Австрия ва Олмон шуруъ кунед", - гуфт Путин.
Ба гуфти раиси Шӯрои мудирони ширкати "Газпром" Алексей Миллер, ширкат анборҳои газро дар Русия як ҳафта дертар аз муҳлати муқарраршуда пур мекунад.
"Bloomberg" таъкид мекунад, ки тамаркузи Русия ба пур кардани анборҳои худ ва камтарин ҳаҷми манобеъ дар Урупо дар даҳ соли ахир нигарониҳо дар бозорҳои гази Иттиҳодияи Аврупоро ба вуҷуд овардааст.
Кишварҳои иттиҳод аллакай аз буҳрони энергетикӣ ва қимати гарони сӯзишворӣ азият мекашанд. "Bloomberg" қайд мекунад, ки "дар солҳои охир бори дуввум аст, ки дахолати лафзии Путин ба вазъ нархҳоро тайғир медиҳад".
Нашрия қайд мекунад, ки изҳороти раҳбари Русия дар бораи кӯмак ба Аврупо дар рафъи буҳрони энержӣ, ки дар авоили моҳи октябр содир шуда буд, афзоиши қимати захираҳоро коҳиш дод.
Бо вуҷуди ин захоири "Газпром" дар моҳи ноябр афзоиши назарраси интиқол ба Иттиҳодияи Аврупоро тазмин намекунад.
Муаллифон мекунанд, бархе аз сиёсатмадорон бар ин назаранд, ки Федератсияи Русия маводи сӯхтро бозмедорад, то Аврупо ҳарчи зудтар "Маҷрои Шимоли 2"-ро сабти ном кунад.