https://sputnik.tj/20211027/zarafshon-korkhona-korkard-tillo-tojik-1043114308.html
"Зарафшон" - бузургтарин корхонаи тиллои тоҷик дигарбора ба кор даромад
"Зарафшон" - бузургтарин корхонаи тиллои тоҷик дигарбора ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Баъди таъмири куллӣ дар шимоли Тоҷикистон корхонаи коркарди маъдани тило дубора ба фаъолият шурӯъ кард
2021-10-27T11:24+0500
2021-10-27T11:24+0500
2021-10-27T18:46+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
чин
саноат
кони тилло
кони зарафшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102384/59/1023845996_0:136:3075:1865_1920x0_80_0_0_9f91a83da61f6fd1c927e1e51dd1d2e7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Панҷакент хатти истеҳсолии корхонаи тоҷику чинии "Зарафшон" ба кор даромад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд. Гуфта мешавад, ки сохтмони корхонаи коркарди тиллои рақами 1 барои коркарди маъдани кони "Тарор" соли 2010 оғоз шуда, як сол баъд корхона ба кор даромад. Баъди ба кор даромадани корхонаи муштараки "Зарафшон" дар як шабонарӯз 2 ҳазор тонна маъдан коркард мекард, аммо соли 2020 корхона ба корҳои таъмиру ба кор андохтани хатти нави технологӣ шуруъ намуд.Арзиши тарҳи корҳои тармим бо назардошти зерсохтор 80 миллион сомониро (беш аз 7 миллион доллар) ташкил додааст. Дар он бештар аз 200 нафар кор хоҳад кард.Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки "Зарафшон" дар якҷоягӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати маъдани "Зиҷин" тааллуқ дорад. Тоҷикистон 30% ва Чин 70%-и саҳмияи онро мегиранд. "Зарафшон" яке аз калонтарин корхонаҳои саноати истихроҷи тилои ҷумҳурӣ буда, дорои маҷмуи тақрибан мукаммали технологӣ: истихроҷ, коркард ва металлургия – коркарди тилло барои ба даст овардани хиштҳои тайёри тилло мебошад. Тамоми ашёи хом аз конҳои тиллои "Тарор"-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд истихроҷ мешавад. Дар соли 2018 корхона 4,1 ҳазор кило (146,8 ҳазор унсия) тилло тавлид кардааст.
https://sputnik.tj/20210220/Tojikiston-istikhroj-sang-qimmatbaho-1032859201.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102384/59/1023845996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2cbd3afb90ab3df281f739d7cfc4a614.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"зарафшон" корхона коркард тилло кор
"зарафшон" корхона коркард тилло кор
"Зарафшон" - бузургтарин корхонаи тиллои тоҷик дигарбора ба кор даромад
11:24 27.10.2021 (Навсозишуда: 18:46 27.10.2021) Баъди таъмири куллӣ дар шимоли Тоҷикистон корхонаи коркарди тило дубора ба фаъолият шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Панҷакент хатти истеҳсолии корхонаи тоҷику чинии "Зарафшон" ба кор даромад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони корхонаи коркарди тиллои рақами 1 барои коркарди маъдани кони "Тарор" соли 2010 оғоз шуда, як сол баъд корхона ба кор даромад.
Баъди ба кор даромадани корхонаи муштараки "Зарафшон" дар як шабонарӯз 2 ҳазор тонна маъдан коркард мекард, аммо соли 2020 корхона ба корҳои таъмиру ба кор андохтани хатти нави технологӣ шуруъ намуд.
"Баъди азнавсозӣ иқтидори коркарди шабонарӯзии корхона 3 ҳазор тонна маъдан аст", - омадааст дар иттилоия.
Арзиши тарҳи корҳои тармим бо назардошти зерсохтор 80 миллион сомониро (беш аз 7 миллион доллар) ташкил додааст. Дар он бештар аз 200 нафар кор хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки "Зарафшон" дар якҷоягӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати маъдани "Зиҷин" тааллуқ дорад. Тоҷикистон 30% ва Чин 70%-и саҳмияи онро мегиранд.
"Зарафшон" яке аз калонтарин корхонаҳои саноати истихроҷи тилои ҷумҳурӣ буда, дорои маҷмуи тақрибан мукаммали технологӣ: истихроҷ, коркард ва металлургия – коркарди тилло барои ба даст овардани хиштҳои тайёри тилло мебошад.
Тамоми ашёи хом аз конҳои тиллои "Тарор"-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд истихроҷ мешавад.
Дар соли 2018 корхона 4,1 ҳазор кило (146,8 ҳазор унсия) тилло тавлид кардааст.