https://sputnik.tj/20211027/tuychiev-rais-idora-barq-mascho-zakhmi-1043115883.html
Рустам Туйчиев, раиси Идораи барқ дар ноҳияи Мастчоҳ бо захми корд бистарӣ шудааст
Рустам Туйчиев, раиси Идораи барқ дар ноҳияи Мастчоҳ бо захми корд бистарӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Рустам Туйчиев, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иллати захминшавӣ аз корд дар Шифохонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст
2021-10-27T12:20+0500
2021-10-27T12:20+0500
2021-10-27T12:27+0500
дар тоҷикистон
вкд
тандурустӣ
мастчоҳ
захмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630627_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_5074449be905a7b1dd3ab68e7f063d8f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Аз Шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Туйчиев рӯзи 21 октябр бо иллати захми корд дар баданаш бистарӣ шуд. Ин табиб гуфт, бо гузашти наздик ба як ҳафта Туйчиев дирӯз дар ҳолати қаноатбахш аз шифохона ба хонааш рухсат шуд. Бино ба гуфтаи манобеъ ин масъули идораи барқи Мастчоҳ аз сӯи як ҳамкори собиқаш бо корд захмӣ шудааст. Баҳси миёни ӯ ва ҳамкори собиқаш дар пайи озодкунӣ аз ҷойи кор сар задааст. Аз ШВКД ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки ҳоло ташхиси судӣ – тиббии сардори Идораи фурӯши барқи ноҳия идома дорад. “Ҳоло ҷамъоварии маводҳои аввалияти тафтишотӣ идома дорад. Ин, ки хулосаи тиббӣ ниҳоӣ шуд, он гоҳ қарор дар бораи оғоз намудани парванда қабул карда мешавад”, - гуфт манбаъ.Рухдоди муноқиша миёни кормандони Идораи тақсимоти барқ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки ҳудуди ду ҳафта ба ин тараф интиқоли барқ ба деҳоти Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Сокинон рустоҳо мегуянд, аз соати 8 и субҳ то 17 и бегоҳ барқи хонаҳои онҳо қатъ мегараду “лимит” - и барқрасонӣ дар кишвар ҷорӣ шудааст. Аммо масъулони Идораи барқи тоҷик ин вазъро ба ҷараёни вазъи таъмири хатҳои барқрасонӣ шарҳ медиҳанд. Барқи тоҷик то ҳол ба таври возеҳ нагуфтааст таъмире, ки боиси рӯзи дароз бебарқ мондани сокинон мегардад, кай хатм мешавад.
https://sputnik.tj/20211018/zafarobod-mard-hamdeha-kusht-1042938706.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630627_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_81d04110c6bce0047f893349893161c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туйчиев раис идора барқ мастчоҳ захм корд бистарӣ
туйчиев раис идора барқ мастчоҳ захм корд бистарӣ
Рустам Туйчиев, раиси Идораи барқ дар ноҳияи Мастчоҳ бо захми корд бистарӣ шудааст
12:20 27.10.2021 (Навсозишуда: 12:27 27.10.2021) Рустам Туйчиев, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иллати захминшавӣ аз корд дар Шифохонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Аз Шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Туйчиев рӯзи 21 октябр бо иллати захми корд дар баданаш бистарӣ шуд.
“Осори расида ба Туйчиев захми халида ва бурридаи вориднашавандаи зерқабурқа аз чап гуфта мешуд. Хушбахтона захми корд ба устухон нарасидааст”, -зикр намуд Убайдулло Худойбердиев, иҷрокунандаи вазифаи сартабиби Мастчоҳ.
Ин табиб гуфт, бо гузашти наздик ба як ҳафта Туйчиев дирӯз дар ҳолати қаноатбахш аз шифохона ба хонааш рухсат шуд. Бино ба гуфтаи манобеъ ин масъули идораи барқи Мастчоҳ аз сӯи як ҳамкори собиқаш бо корд захмӣ шудааст.
Баҳси миёни ӯ ва ҳамкори собиқаш дар пайи озодкунӣ аз ҷойи кор сар задааст.
Аз ШВКД ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки ҳоло ташхиси судӣ – тиббии сардори Идораи фурӯши барқи ноҳия идома дорад.
“Ҳоло ҷамъоварии маводҳои аввалияти тафтишотӣ идома дорад. Ин, ки хулосаи тиббӣ ниҳоӣ шуд, он гоҳ қарор дар бораи оғоз намудани парванда қабул карда мешавад”, - гуфт манбаъ.
Рухдоди муноқиша миёни кормандони Идораи тақсимоти барқ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки ҳудуди ду ҳафта ба ин тараф интиқоли барқ ба деҳоти Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
Сокинон рустоҳо мегуянд, аз соати 8 и субҳ то 17 и бегоҳ барқи хонаҳои онҳо қатъ мегараду “лимит” - и барқрасонӣ дар кишвар ҷорӣ шудааст. Аммо масъулони Идораи барқи тоҷик ин вазъро ба ҷараёни вазъи таъмири хатҳои барқрасонӣ шарҳ медиҳанд.
Барқи тоҷик то ҳол ба таври возеҳ нагуфтааст таъмире, ки боиси рӯзи дароз бебарқ мондани сокинон мегардад, кай хатм мешавад.