https://sputnik.tj/20211027/tijorati-turkiya-tojikiston-afzoish-1043130384.html
Тиҷорати Туркия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад
Тиҷорати Туркия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Туркия Харитаи роҳ барои афзоиши ҳаҷми савдоро таҳия доранд
2021-10-27T20:00+0500
2021-10-27T20:00+0500
2021-10-27T20:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
туркия
тиҷорат
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130341_0:187:1800:1200_1920x0_80_0_0_77b2140b79e13a0c1da8b98cff04580c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик харитаи роҳ барои ба маротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни ду кишварро омода намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.Таъкид шудааст, ки масъалаи мазкур зимни мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол баррасӣ шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси гурӯҳи кории омодасозии харитаи роҳи ба ба маротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдои миёни Тоҷикистон ва Туркия, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкории миёни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия беш аз 16 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.Инчунин мақомоти Тоҷикистон зикр намудааст, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Туркия барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
https://sputnik.tj/20211014/tojikiston-turkiya-gardish-mol-1042822222.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130341_120:0:1720:1200_1920x0_80_0_0_f63345f516cd94e8554e7c6f036715ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, тиҷорат, харитаи роҳ, ҳаҷми савдо
тоҷикистон, туркия, тиҷорат, харитаи роҳ, ҳаҷми савдо
Тиҷорати Туркия ва Тоҷикистон афзоиш меёбад
20:00 27.10.2021 (Навсозишуда: 20:14 27.10.2021) Тоҷикистону Туркия харитаи роҳ барои афзоиши ҳаҷми тиҷоратро таҳия мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик харитаи роҳ барои ба маротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни ду кишварро омода намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки масъалаи мазкур зимни мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси гурӯҳи кории омодасозии харитаи роҳи ба ба маротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдои миёни Тоҷикистон ва Туркия, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкории миёни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркия беш аз 16 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.
Инчунин мақомоти Тоҷикистон зикр намудааст, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Туркия барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.
Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.