https://sputnik.tj/20211027/intiqol-du-terrorist-rusiya-tojikiston-1043125777.html
Истирдоди ду ихвонӣ аз Русия ба Тоҷикистон
Истирдоди ду ихвонӣ аз Русия ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони интизомии Русия ду террорист, аъзоёни созмони мамнӯи "Бародарони мусалмон" - ро ба Тоҷикистон истирдод кард
2021-10-27T17:00+0500
2021-10-27T17:00+0500
2021-10-27T19:06+0500
дар тоҷикистон
интиқол
бародарони мусалмон
террорист
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102480/15/1024801537_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_5b3725aeb7d68e8a23ff551878be7e1d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Русия чаҳор ҷинояткорро ба Тоҷикистон истирдод кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Русия. Гуфта мешавад, ки ду боздоштшуда ба узвият дар созмони террористии "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам мешаванд. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият дар созмони ҷиноии "Бародарони мусалмон", ки дар Русия мамнуъ аст, муттаҳам шудаанд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, муттаҳамон якҷо бо шариконашон мулоқотҳои пинҳонӣ баргузор карда, ҳаққи узвиятро ҷамъоварӣ ва пардохт мекарданд. Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба тасарруфи маблағҳои калон аз ҷониби мақомоти интизомии маҳаллӣ муттаҳам мешаванд. Боздоштшудагон ҳамроҳи корвони махсус, бо риояи тамоми чораҳои зарурии амниятӣ барои истирдод ба Ватан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Қобили зикр аст, ки фаъолияти созмони "Бародарони мусалмон" бо қарори Додгоҳи Олӣ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.
https://sputnik.tj/20211015/rusiya-chernogoriya-istirdodi-telman-cherkizovro-1042884419.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102480/15/1024801537_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_1aae6b770ea0fb60f9ce61201a00345c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқол, истирдод, террорист, тоҷикистон
интиқол, истирдод, террорист, тоҷикистон
Истирдоди ду ихвонӣ аз Русия ба Тоҷикистон
17:00 27.10.2021 (Навсозишуда: 19:06 27.10.2021) Кормандони интизомии Русия ду узви созмони мамнӯи "Бародарони мусалмон"-ро ба Тоҷикистон истирдод кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Русия чаҳор ҷинояткорро ба Тоҷикистон истирдод кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Русия.
Гуфта мешавад, ки ду боздоштшуда ба узвият дар созмони террористии "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам мешаванд.
"Додситонии кулли Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро барои таъқиби ҷиноӣ ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон додааст", - омадааст дар хабари матбуотии Додситонии кул.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият дар созмони ҷиноии "Бародарони мусалмон", ки дар Русия мамнуъ аст, муттаҳам шудаанд.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, муттаҳамон якҷо бо шариконашон мулоқотҳои пинҳонӣ баргузор карда, ҳаққи узвиятро ҷамъоварӣ ва пардохт мекарданд.
Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба тасарруфи маблағҳои калон аз ҷониби мақомоти интизомии маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.
Боздоштшудагон ҳамроҳи корвони махсус, бо риояи тамоми чораҳои зарурии амниятӣ барои истирдод ба Ватан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти созмони "Бародарони мусалмон" бо қарори Додгоҳи Олӣ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.