https://sputnik.tj/20211027/didori-vuzaroi-khorija-eronu-tojikiston-umedvori-suboti-afghoniston-1043110871.html
Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон
Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дувумин нишасти ҳамсоягон Афғонистон ба Теҳрон сафар намуд, дидор кардааст
2021-10-27T09:00+0500
2021-10-27T09:00+0500
2021-11-01T11:42+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
эрон
вазири хориҷа
мулоқот
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032497226_0:0:2335:1313_1920x0_80_0_0_bfa6a2e89f1a6fb9210ba579d7ab3734.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба иттилои манбаъ, зимни дидор ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар, хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор ба дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон таъкид карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта, ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишасти ҳамсоягони Афғонистон, ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисҷумҳури кишвари Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳаш дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷроӣ кардани тавофуқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва сипари шудани 30 сол аз равобити ду кишварро ҳоизи аҳамият зикр кард.Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон рӯзи 27-уми октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20210918/rahmon-raisi-nizo-tashannuj-panjsher-1042349798.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032497226_259:0:2335:1557_1920x0_80_0_0_a60eeacd894509cf8afb70a8a2a3cc7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, дидор вузарои хориҷа, афғонистон баррасӣ
тоҷикистон, эрон, дидор вузарои хориҷа, афғонистон баррасӣ
Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон
09:00 27.10.2021 (Навсозишуда: 11:42 01.11.2021) Вазири хориҷа Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дувумин нишасти ҳамсоягони Афғонистон ба Теҳрон сафар намуд, бо ҳамтои эронияш дидор кардааст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни дидор ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар, хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор ба дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон таъкид карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта, ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишасти ҳамсоягони Афғонистон, ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисҷумҳури кишвари Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳаш дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷроӣ кардани тавофуқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва сипари шудани 30 сол аз равобити ду кишварро ҳоизи аҳамият зикр кард.
Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон рӯзи 27-уми октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.