Амирабдуллоҳиён: Мақомоти Афғонистон масъули амнияти шаҳрвандон ва марзҳоянд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел Исламской Республики Иран Хосейн Амир Абдоллахийан. Архивное фото
Заместитель министра иностранных дел Исламской Республики Иран Хосейн Амир Абдоллахийан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Эрон дар нишасти дувуми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон гуфт, пеш аз ҳама раҳбарияти Афғонистон масъули амнияти шаҳрвандон ва марзҳои ин кишвар бо ҳамсояҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар нишасти имрӯза гуфт: "Умедворем, ки имрӯз мо метавонем якдилона паёмеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақа ва Афғонистон бирасонем”.
Вай таъкид кард, ки Эрон аз таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва афзуд: "Мо ҳама бояд ба Афғонистон кумак кунем, то аз вазъи кунунӣ берун шавад."
Вазири умури хориҷии Эрон эҳтиром ба истиқлол, тамомияти арзӣ ва мудохила накардан ба умури кишварҳои дигарро асли сиёсати хориҷии Эрон хонд.
“Имрӯз дар Теҳрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳарф мезанем, ки ин ба таърих ва нақши мардуми Афғонистон дар муқовимат бо ишғол ва чолишҳои даҳсолаҳои ахир марбут аст”, - гуфт Абдуллоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, ҳалли буҳрони ахири Афғонистон ваҳдати дохилӣ, истифодаи тамоми имконот ва истеъдоди баланди кишварро тақозо мекунад.
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Иҷлоси Теҳрон: Дар канори ҳам барои сулҳу тавсеа
“Мо бар онем, ки пеш аз ҳама кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзамон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи сиёсиву башардӯстона, паҳншавии терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва эҳтироми ҳуқуқи инсону занон дар шароити кунунии Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд", - дипломатӣи эронӣ.
Амирабдуллоҳиён изҳор дошт, ки Амрико бояд масъулияти мушкилот ва фоҷеаҳои имрӯзаи ду даҳсолаи ахир дар Афғонистонро бар дӯш гирад ва барои берун овардани Афғонистон аз ин вазъ чораҳои ҷиддӣ андешад.
Лентаи хабарҳо
0