Яккачини Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Осиё тими Лубнонро шикаст дод

© ФФТФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон бозии нахустинашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо пирӯзӣ ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев яккачини Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Ин бозӣ дар дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола шоми 25 октябр доир гашт.
Ягона голи беҷавоби бозҳиро Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе дар дақиқаи 87-ум вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз бе сармураббист: кӣ номзади арзанда ба ин вазифа аст
Довари ин бозӣ Роуэн Арумугании ҳинду буд ва Ҳанонов дар охир беҳтарин бозигари дидор шинохта шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.

Ҳамакнун мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо яккачини Непал бозӣ мекунад.
Ин мусобиқа 28 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар даври сеюми бозиҳои Ҷоми Осиё-2022 дар гуруҳи "В" 31 октябр миллипӯшони Тоҷикистон бо Эрон вориди рақобат мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0