https://sputnik.tj/20211026/tolibon-ijoza-namedihem-afghoniston-chin-tahdid-1043108291.html
“Толибон”*: Ба касе иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
“Толибон”*: Ба касе иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи ҳукумати “Толибон”* мегӯяд, ки ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад аз Афғонистон барои таҳдиди Чин истифода кунад
2021-10-26T20:05+0500
2021-10-26T20:05+0500
2021-10-27T11:25+0500
афғонистон
чин
ҳамкорӣ
таҳдид
осиёи марказӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043108229_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_0afbea72d3083cf255b49c44a6845ba3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон”* мегӯяд, ба касе иҷоза намедиҳад, ки аз Афғонистон барои таҳдид ба Чин истифода кунад.Вай ин мавқеъро ахиран дар як суҳбат бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар пойтахти Қатар баён дошт.Қаблан сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон” аз вазири хориҷаи Чин хост, барои ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон ва ҳамчунин содироти сангу меваи хушк, ҷалғӯза ва анҷири Афғонистон ба Чин замина фароҳам кунад.Қобили зикр аст, ки оқои Муттақӣ дар оғози мулоқот ба Ван И як баста ҷалғӯза низ туҳфа кардааст.Ёдрас менамоем, ки авоили моҳи август "Толибон"* ҳамалотро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуду рӯзи дигар эълом кард, ки ҷанг ба охир расид.Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ба ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистон хотима доданд.Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Ӯ дар давраи ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.* ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211025/kabulov-neru-etniki-hukumat-afghoniston-1043082453.html
афғонистон
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043108229_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_f8189cd0628cab92b01b23358cf6d165.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, чин, толибон, таҳдид, амният, вазири хориҷа
афғонистон, чин, толибон, таҳдид, амният, вазири хориҷа
“Толибон”*: Ба касе иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
20:05 26.10.2021 (Навсозишуда: 11:25 27.10.2021) Сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон”* мегӯяд, ки ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, аз Афғонистон барои таҳдиди Чин истифода кунад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон”* мегӯяд, ба касе иҷоза намедиҳад, ки аз Афғонистон барои таҳдид ба Чин истифода кунад.
Вай ин мавқеъро ахиран дар як суҳбат бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар пойтахти Қатар баён дошт.
Қаблан сарпарасти Вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон” аз вазири хориҷаи Чин хост, барои ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон ва ҳамчунин содироти сангу меваи хушк, ҷалғӯза ва анҷири Афғонистон ба Чин замина фароҳам кунад.
Қобили зикр аст, ки оқои Муттақӣ дар оғози мулоқот ба Ван И як баста ҷалғӯза низ туҳфа кардааст.
Ёдрас менамоем, ки авоили моҳи август "Толибон"* ҳамалотро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуду рӯзи дигар эълом кард, ки ҷанг ба охир расид.
Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ба ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистон хотима доданд.
Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Ӯ дар давраи ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон