Сабаби асосии нарм шудани сиёсати муҳоҷирати Русия ошкор карда шуд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковУборка листвы с помощью воздуходува в Парке Горького в Москве, архивное фото
Уборка листвы с помощью воздуходува в Парке Горького в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад ва корфармоён аз сабаби рақобат дар бозори меҳнат мехоҳанд хориҷиёнро киро кунанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ холигоҳҳои иқтисоди Русияро пур мекунанд. Дар ин бора роҳбари Маркази тадқиқоти сиёсии иқтисодии Институти Ҷамъияти нав Василий Колташов дар мусоҳиба бо "ПолитЭкспертом" гуфтааст.
Вай қайд кард, ки дар солҳои 2000-ум дар Русия "раванди мавҷи ташаккули ширкаткушоӣ" сурат гирифт, ки баъд аз он соҳаҳои гуногуни хидматрасонӣ пайдо шуданд.
Аксарияти одамон барои кор ба вазифаҳои нав мерафтанд, дар ҳоле ки дар саноат ва сохтмон кадрҳо намерасиданд.
"Ин соҳаҳо бисёр одамонро, ки метавонистанд бо меҳнати ҷисмонӣ машғул шаванд, бурданд. Дар натиҷа дар иқтисод холигии азим ба вуҷуд омад ва муҳоҷирон ба ин холигоҳҳо меоянд", - гуфт Колташов.
Вай қайд кард, ки нарм шудани сиёсати Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ба нарасидани мутахассисоне, ки ба корҳои ҷисмонӣ машғуланд, рабт дорад.
Ба гуфтаи Колташов, муҳоҷирон дар бозори меҳнат хеле ҳаракаткунандаанд, аз ин рӯ корфармоён ба чунин мутахассисон таваҷҷӯҳ доранд.
Курьер службы доставки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Муҳоҷирони боарзиш: дар Русия гуфтанд, ба кадом корҳо коргар ниёз доранд
Коршинос таъкид кард, ки ин як раванди мутақобилан судманд барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказист.
Номбурда ба унвони мисол муҳоҷирони ӯзбекро мисол овард, ки пули корашонро ба ватан интиқол медиҳанд ва ба иқтисоди кишвар кумак мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0