Игор Черевченко тарки “Химки” кард: "рафтан бароям осон набуд"

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкИгорь Черевченко, архивное фото
Игорь Черевченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Собиқ сармураббӣ ва роҳбарияти даста бо мувофиқаи тарафайн шартномаро бекор карданд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии "Химки" рафт. Дар ин бора дафтари матбуотии даста хабар дод.
Сабаби аз мақом рафтани Черевченко мушаххас нашудааст, вале маълум аст, ки мураббӣ ва клуб бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ кардаанд.
Ба гуфтаи варзишгар, тасмими тарки "Химки" барои ӯ осон набуд. Ӯ ба роҳбарият, маъмурият ва мухлисони клуб изҳори сипос намуд.
"Давоми як соле, ки ман дар ин ҷо гузаронидам, мо лаҳзаҳои душворро якҷоя паси сар кардем ва ғалабаҳои фаромӯшнашаванда ба даст овардем. Ман бозиҳои"Химки" - ро пайгирӣ карда, нигарони ҳар як бозигаре, ки бо онҳо кор кардам хоҳам буд", - гуфт Черевченко.
Якҷо бо собиқ мураббӣ Игор Семшов ва Валерий Климов дастаро тарк мекунанд.
Игор Юшенко ва Дмитрий Улянов бозигаронро ба бозиҳои оянда омода мекунанд. Рӯйхати мухтасари номзадҳо ба вазифаи сармураббии бошгоҳ то 1 ноябр тартиб дода мешавад.
Главный тренер ФК Химки Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2020
Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд
Ёдовар мешавем, ки Черевченко аз сентябри соли 2020 дар "Химки" кор мекунад. Бо роҳбарии ӯ даста дар 33 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, дар Лигаи олӣ мақоми рекордии ҳаштумро касб кард.
Баъди 12 даври РПЛ "Химки" дар ҷадвали мусобиқа бо 11 хол ҷои 14-умро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0