https://sputnik.tj/20211026/bozdosht-shahrvand-tojikiston-qirghiziston-1043105432.html
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳашиш - Видео
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳашиш - Видео
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати ВКД Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Аз ӯ 9 кило ҳашиши афғонӣ дарёфт карданд
2021-10-26T17:45+0500
2021-10-26T17:45+0500
2021-10-27T12:14+0500
вкд
қирғизистон
боздошти гумонбарон
боздошт
пулиси ботканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.Бино ба гузориши манбаъ, зимни кофтуков аз ин мард чанд борхалта бо вазни умумии 9 кило бо лентаи часпак печонидашуда дарёфт карда шуд, ки бӯи хоси ҳашиш дошт.Тибқи хулосаи экспертизаи судии кимиёӣ, маводи мусодирашуда ҳашиши тавлиди Афғонистон мебошад. Боздошти роҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон: аз ронандагон пора мегирифтанд - видеоДар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 267-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, "Таҳияи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва амсоли онҳо бо мақсади фурӯш", парванда боз шудааст. Манбаъ афзуда, ки гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи корҳои дохилии вилояти Лайлак аст ва тафтиши пешакӣ идома дорад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, қирғизистон, тоҷикистон,
боздошт, қирғизистон, тоҷикистон,
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳашиш - Видео
17:45 26.10.2021 (Навсозишуда: 12:14 27.10.2021) Раёсати ВКД Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Аз ӯ 9 кило ҳашиши афғонӣ дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шуд, хабар медиҳад
Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.
"Дар ҳудуди деҳаи Ҷаштиқ, дар шоҳроҳи ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкили интиқол ва фурӯши маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон дастгир карда шуд", - хабар медиҳад ВКД.
Бино ба гузориши манбаъ, зимни кофтуков аз ин мард чанд борхалта бо вазни умумии 9 кило бо лентаи часпак печонидашуда дарёфт карда шуд, ки бӯи хоси ҳашиш дошт.
Тибқи хулосаи экспертизаи судии кимиёӣ, маводи мусодирашуда ҳашиши тавлиди Афғонистон мебошад.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 267-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон, "Таҳияи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва амсоли онҳо бо мақсади фурӯш", парванда боз шудааст.
Манбаъ афзуда, ки гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи корҳои дохилии вилояти Лайлак аст ва тафтиши пешакӣ идома дорад.