https://sputnik.tj/20211026/abduroziq-serbiya-tojikona-raqsid-surud-muborakshoro-bozkhon-navor-1043094355.html
Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор
Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор
Блогер ва овозхони тоҷик, Абдурозиқ дар Сербия дар саҳнаи калон бо забони тоҷикӣ суруд хонд ва тоҷикона рақсид
2021-10-26T10:40+0500
2021-10-26T10:40+0500
2021-10-26T10:47+0500
ҷавонон ва варзиш
сербия
бокс
қаҳрамонии ҷаҳон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043090303_23:0:1138:627_1920x0_80_0_0_1dd7d2fb6dcc4cd28880f4e9570840ed.png
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик дар маросими ифтитоҳи 21 -умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс иштирок кард. Ӯ на ба ҳайси муштзан, балки бо ду суруд, ки яке бо забони туркӣ ва дигаре суруди овозхони зиндаёди тоҷик, Муборашко Мирзошоев мебошад, рӯи саҳнаи калон баромад ва сурудхонӣ карду хуб рақсид.Навори сурудхонии Абдурозиқ дар Белградро худи ӯ низ дар сафҳаи Instagram нашр намудааст.Абдурозиқ дар баробари овозхонҳои дигари муваффақ ба мисли Олга Бузова ва Милошем Бикович суруд хонд.Қобили зикр аст, ки 21-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорон аз 24 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Белград баргузор мешавад.Дар ин мусоблиқа варзишгарони панҷ қитъа иштирок мекунанд. Бори аввал муштзанҳо барои медалҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои директорони Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорони AIBA моҳи июли соли 2021 тасдиқ шуда буданд, мубориза мебаранд. Фонди ҷоиза чунин аст: қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,6 миллион долларро ташкил медиҳад
сербия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043090303_162:0:998:627_1920x0_80_0_0_a5388becf8f2f12613ee4fe1e79849a2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
абдурозиқ сербия навор
Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор
10:40 26.10.2021 (Навсозишуда: 10:47 26.10.2021) Блогер ва овозхони тоҷик, Абдурозиқ дар Сербия дар саҳнаи калон бо забони тоҷикӣ суруд хонд ва тоҷикона рақсид
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик дар маросими ифтитоҳи 21 -умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс иштирок кард.
Ӯ на ба ҳайси муштзан, балки бо ду суруд, ки яке бо забони туркӣ ва дигаре суруди овозхони зиндаёди тоҷик, Муборашко Мирзошоев мебошад, рӯи саҳнаи калон баромад ва сурудхонӣ карду хуб рақсид.
Навори сурудхонии Абдурозиқ дар Белградро худи ӯ низ дар сафҳаи
Instagram нашр намудааст.
Абдурозиқ дар баробари овозхонҳои дигари муваффақ ба мисли Олга Бузова ва Милошем Бикович суруд хонд.
Қобили зикр аст, ки 21-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорон аз 24 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Белград баргузор мешавад.
Дар ин мусоблиқа варзишгарони панҷ қитъа иштирок мекунанд. Бори аввал муштзанҳо барои медалҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои директорони Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорони AIBA моҳи июли соли 2021 тасдиқ шуда буданд, мубориза мебаранд.
Фонди ҷоиза чунин аст: қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,6 миллион долларро ташкил медиҳад