https://sputnik.tj/20211025/taslimi-terroriston-ba-terroriston-afghoniston-1043080259.html
Таслими террористон ба террористон дар Афғонистон
Таслими террористон ба террористон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Хабарҳои расида аз Афғонистон ҳоки аз он аст, ки чандин шибҳи низомии ДИИШ ба мақомоти “Толибон”* мустақар дар Нангарҳор таслим шудаанд
2021-10-25T15:00+0500
2021-10-25T15:00+0500
2021-10-25T18:18+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
таслим
дииш
нангарҳор
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582294_0:217:3072:1945_1920x0_80_0_0_1592257540f2675533b2185ca9ffce6b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Даҳҳо нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ)* ба мақомоти маҳаллӣ, ки аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таъсис ёфтааст, таслим шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Pajhwok Afgon News".Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯёни ДИИШ бо "миёнаравии раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ" ба мақомоти нави Афғонистон таслим шудаанд.Вале тибқи иттилои манбаъ, то ҳол дар бораи сарнавишти аксари таслимшудангон маълумоте дар дастрас нест.Дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахт, дар як вақт чанд таркиш, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ сурат гирифт, ки дар онҳо ҳам ҷангҷӯёни “Толибон” ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.Масъулияти бархе аз ин амалҳои террористиро гурӯҳи “ДИИШ дар Хуросон”*, як шохаи ДИИШ* бар уҳда гирифт.Рӯзи 10-уми октябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* гуфт, ки созмони "Давлати исломӣ"* барои Афғонистон хатар надорад ва “Толибон”* қодиранд, бо ин гурӯҳ мубориза баранд.Ёдовар мешавем, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур тарк кард.Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон кард, ки дар кишвар аморати ба ном исломиро ташкил мекунад ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳад кард.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211007/rusiya-faolshavii-diish-afghoniston-nigaroni-1042710855.html
афғонистон
нангарҳор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582294_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_5183d6ff0a83adba0dfeb7ae20616957.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, дииш, толибон, таслим, нангарҳор
афғонистон, дииш, толибон, таслим, нангарҳор
Таслими террористон ба террористон дар Афғонистон
15:00 25.10.2021 (Навсозишуда: 18:18 25.10.2021) Хабарҳо аз Афғонистон ҳокӣ аз онанд, ки чандин шибҳинизомии ДИИШ* ба мақомоти “Толибон”*, мустақар дар Нангарҳор таслим шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Даҳҳо нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ)* ба мақомоти маҳаллӣ, ки аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таъсис ёфтааст, таслим шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Pajhwok Afgon News".
"50 ҷангҷӯи ДИИШ* ба нерӯҳои давлатӣ дар Нангарҳор таслим шуд", - иттилоъ додааст намояндаи ҳукумати “Толибон”* дар ин минтақа.
Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯёни ДИИШ бо "миёнаравии раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ" ба мақомоти нави Афғонистон таслим шудаанд.
Вале тибқи иттилои манбаъ, то ҳол дар бораи сарнавишти аксари таслимшудангон маълумоте дар дастрас нест.
Дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахт, дар як вақт чанд таркиш, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ сурат гирифт, ки дар онҳо ҳам ҷангҷӯёни “Толибон” ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.
Масъулияти бархе аз ин амалҳои террористиро гурӯҳи “ДИИШ дар Хуросон”*, як шохаи ДИИШ* бар уҳда гирифт.
Рӯзи 10-уми октябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* гуфт, ки созмони "Давлати исломӣ"* барои Афғонистон хатар надорад ва “Толибон”* қодиранд, бо ин гурӯҳ мубориза баранд.
Ёдовар мешавем, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур тарк кард.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон кард, ки дар кишвар аморати ба ном исломиро ташкил мекунад ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳад кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар