https://sputnik.tj/20211025/rusdukhtar-boboev-kaliso-maskav-aks-mardum-rusiya-uzr-1043082245.html
Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид
Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид
Sputnik Тоҷикистон
Акси интишорнамудаи ин ду ҷавон дар назди калисои Маскав ҳамчун беэҳтиромӣ ба эҳсоси динии насрониҳо арзёбӣ мешавад 25.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-25T15:40+0500
2021-10-25T15:40+0500
2021-10-25T18:42+0500
иҷтимоъ
узр пурсид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042601997_0:292:719:696_1920x0_80_0_0_10b034e62af492185a73a1d5be9e24dd.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Блогер ва ҳамзамон модели рус Ася Акимова, ки номи аслияш Анастасия Чистова мебошад, аз кулли шаҳрвандони Русия пӯзиш хостааст.Номбурда дар сафҳаи "Instagram" -и худ навореро нашр намудааст, ки дар он аз шаҳрвандони Русия барои акси дар назди калисои Маскав гирифтааш бахшиш пурсидааст.Ӯ мегӯяд, аз аввал фикри оқибатҳои аксҳо ва бархӯрди мардум бо онҳоро накарда буд.Ёдовар мешавем, чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои ғайриахлоқие роҳ ёфтанд, ки дар назди калисои Василий Блаженский, дар назди Майдони Сурх бардошта шуда буданд.Ин аксҳои Ася Акимова, блогердухтари рус ва ҳамтои ӯ Руслан Бобиев буданд, ки ахирӣ шаҳрванди Тоҷикистон аст.Яке аз аксҳои ин ду ҷавон ба вокуниши шадиди ҷомеаи русия рӯ ба рӯ шуд, зеро дар акс духтар бо либоси пулис зоҳир мешуд ва акс мазмуни муносибати маҳрамона дошт.Зимнан ҳар дуи онҳоро кормандони пулис боздошт намуда, нисбати Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Маълум гардид, ки ба Акимова ва Бобиев то як соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.Худи блогердухтар дар муроҷиат ба ҳамвандони худ қайд намудааст, ки хатои содирнамудаи ӯро такрор накунанд ва худро ба мисли ӯ дар вазъияти хеле нороҳаткунанда нагузоранд.
https://sputnik.tj/20211020/murofia-peshaki-bloger-bobiev-1042998393.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042601997_157:293:680:685_1920x0_80_0_0_7990bdfb4b1303e7d3933551c5186589.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, узр пурсид, дар русия
иҷтимоъ, узр пурсид, дар русия
Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид
15:40 25.10.2021 (Навсозишуда: 18:42 25.10.2021) Акси интишорнамудаи ин ду ҷавон дар назди калисои Маскав ҳамчун беэҳтиромӣ ба эҳсоси динии насрониҳо арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Блогер ва ҳамзамон модели рус Ася Акимова, ки номи аслияш Анастасия Чистова мебошад, аз кулли шаҳрвандони Русия пӯзиш хостааст.
Номбурда дар сафҳаи "Instagram" -и худ навореро нашр намудааст, ки дар он аз шаҳрвандони Русия барои акси дар назди калисои Маскав гирифтааш бахшиш пурсидааст.
Ӯ мегӯяд, аз аввал фикри оқибатҳои аксҳо ва бархӯрди мардум бо онҳоро накарда буд.
"Ман танҳо маъруфият мехостам. Аммо ҳоло арзиши чунин шуҳратро дарк кардам", - изҳор доштааст ӯ дар навори нашрнамудаи худ.
Ёдовар мешавем, чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои ғайриахлоқие роҳ ёфтанд, ки дар назди калисои Василий Блаженский, дар назди Майдони Сурх бардошта шуда буданд.
Ин аксҳои Ася Акимова, блогердухтари рус ва ҳамтои ӯ Руслан Бобиев буданд, ки ахирӣ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Яке аз аксҳои ин ду ҷавон ба вокуниши шадиди ҷомеаи русия рӯ ба рӯ шуд, зеро дар акс духтар бо либоси пулис зоҳир мешуд ва акс мазмуни муносибати маҳрамона дошт.
Зимнан ҳар дуи онҳоро кормандони пулис боздошт намуда, нисбати Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Маълум гардид, ки ба Акимова ва Бобиев то як соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Худи блогердухтар дар муроҷиат ба ҳамвандони худ қайд намудааст, ки хатои содирнамудаи ӯро такрор накунанд ва худро ба мисли ӯ дар вазъияти хеле нороҳаткунанда нагузоранд.