Натиҷаи овоздиҳӣ эълон нашудааст, аммо Путин аллакай Мирзиёевро бо пирӯзияш табрик кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГосударственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Ҳарчанд КМИӮ натиҷаи муқаддамотии интихоботро соати 16:00 эълон мекунад, раисҷумҳури Русия Владимир Путин аллакай дар тамоси телефонӣ Мирзиёевро барои дубора кишвардор интихоб шуданаш шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ дошт, хабар медиҳад Кремл.
Гуфта мешавад, Владимир Путин ҳамтои ӯзбеки худро бо пирӯзии боварибахш дар интихоботи рӯзи 24-уми октябр самимона табрик гуфта, унвонии ӯ барқияи алоҳидаи шодбошӣ ирсол намудааст.
Табрики Владимир Путин дар ҳолест, ки дар Ӯзбекистон натиҷаи расмии интихоботи президентӣ эълон нашудааст. КМИ гуфта буд, натиҷаи муқаддамотии интихоботро Зайниддин Низомхоҷаев соати 16:00, ба вақти Тошканд эълон хоҳад кард.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Ҳайати намояндагони ИДМ интихоботи раёсатҷумрии Ӯзбекистонро озоду демократӣ хонд
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн гардиданд, ки гуфта мешуд, Мирзиёев тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, 90 дарсади ороъро ба даст оварда, дубора раисҷумҳур интихоб шудааст.
Дар ин бора бархе аз расонаҳо, аз ҷумла шабакаи телевизионии "Euronews" иттилоъ дода буданд.
Вале Ҷалолиддин Усмонов сухангӯи КМИӮ гуфт, "ин омор аз ҳақиқат дур аст".
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти КМИӮ, дар замони баста шудани қитъаҳои интихоботӣ иштироки интихобкунандагон 80,8 дарсад гуфта мешуд, яъне ҳудуди 16 037 ҳазор нафар ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0