https://sputnik.tj/20211025/nikoh-zani-tojik-mardi-rus-daryofti-shahrvandi-sokhta-1043079670.html
Додситонӣ никоҳи зани тоҷик бо марди рус барои дарёфти шаҳрвандиро сохта хонд
Додситонӣ никоҳи зани тоҷик бо марди рус барои дарёфти шаҳрвандиро сохта хонд
Sputnik Тоҷикистон
Додситоии минтақаи Тазови Ноҳияи худгардони Ямалу-ненетски Русия тариқи додгоҳ ақди никоҳи марди русро, ки бо зани тоҷик баста буд, беэътибор донист
2021-10-25T14:40+0500
2021-10-25T14:40+0500
2021-10-25T18:05+0500
дар тоҷикистон
тоҷик
ақди никоҳ
шаҳрвандӣ
қалбакӣ
зан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102944/99/1029449919_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_5c8bc883566af5426f0d9e88bc63c4bb.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Додситонии минтақаи Тазов риояи талаботи қонуни оилавиро тафтиш кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии Ҳавзаи Худгардони Ямалу-Ненетски Русия.Тибқи иттилои манбаъ, муайян шудааст, ки моҳи июни соли 2021 як шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ бо шаҳрванди Русия издивоҷи қалбакӣ кардааст.Қайд карда шудааст, ки дар робита ба ин ҳолат додситонии ноҳия ба додгоҳ барои беэътибор донистани ақди никоҳи ин шаҳрвандон санадҳои дахлдор пешниҳод кардааст.Манбаъ зикр кардааст, ки додгоҳ талаби додситониро қонеъ карда, сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бекор кард.Бояд қайд кард, ки ин бори аввал нест, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандӣ айбдор мешаванд. Мақомоти Русия борҳо дар бораи ақди никоҳи қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ бо роҳи осон хабар дода буданд.
https://sputnik.tj/20211012/shahrvand-khatmkunandagon-khorij-oson-1042783586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102944/99/1029449919_276:0:3005:2047_1920x0_80_0_0_91dc2f2cd3a1c5b40748d2e11560df10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, шаҳрванди , зани тоҷик, ақди никоҳ, беэтибор
тоҷикистон, русия, шаҳрванди , зани тоҷик, ақди никоҳ, беэтибор
Додситонӣ никоҳи зани тоҷик бо марди рус барои дарёфти шаҳрвандиро сохта хонд
14:40 25.10.2021 (Навсозишуда: 18:05 25.10.2021) Додситонии минтақаи Тазови Ҳавзаи Худгардони Ямалу-Ненетски Русия аз тариқи додгоҳ ақди никоҳи марди русеро, ки бо як зани тоҷик баста буд, беэътибор донист
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Додситонии минтақаи Тазов риояи талаботи қонуни оилавиро тафтиш кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии Ҳавзаи Худгардони Ямалу-Ненетски Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, муайян шудааст, ки моҳи июни соли 2021 як шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ бо шаҳрванди Русия издивоҷи қалбакӣ кардааст.
“Мард ба издивоҷи қалбакӣ розӣ шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо якҷоя зиндагӣ намекарданд, хоҷагии муштарак, нияти барпо кардани оила надоштанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки дар робита ба ин ҳолат додситонии ноҳия ба додгоҳ барои беэътибор донистани ақди никоҳи ин шаҳрвандон санадҳои дахлдор пешниҳод кардааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки додгоҳ талаби додситониро қонеъ карда, сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бекор кард.
Бояд қайд кард, ки ин бори аввал нест, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандӣ айбдор мешаванд. Мақомоти Русия борҳо дар бораи ақди никоҳи қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ бо роҳи осон хабар дода буданд.