https://sputnik.tj/20211025/fayzov-nazdikon-dodikhudoev-sabr-khost-1043086241.html
"Устоди садҳо олим": Файзов ба наздикони Додихудоев сабри ҷамил хост
"Устоди садҳо олим": Файзов ба наздикони Додихудоев сабри ҷамил хост
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз профессори марҳум Хаёлбек Додихудов ҳамчун инсони комил, олими шинохта ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ёдовар шуд 25.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-25T18:00+0500
2021-10-25T18:00+0500
2021-10-25T19:35+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
ҳамдардӣ
олим
ёдгор файзов, раиси вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/06/1032958562_0:54:1025:630_1920x0_80_0_0_aef04a957d993b7a8eb407a325e8fc6d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Хаёлбек Додихудоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо ва Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр аз олам даргузашт.Профессори марҳум 85 сол дошт.Дар робита ба даргузашти ин олими тоҷик раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хост.Файзов аз профессори марҳум Додихудоев ҳамчун як инсони комил, олими шинохта, ташкилотчӣ ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ном бурд."Бо заҳмату пажуҳиш ва тадқиқоти худ ин олими зиндаёд тавонист хазинаи илм, махсусан соҳаи фалсафаро ғановатманд намуда, дар омода намудани кадрҳои болаёқат саҳми сазовор гузорад", - изҳор доштааст раиси вилоят.Хаёлбек Додихудоев кист?Хаёлбек Додихудоев 9 майи соли 1936 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1960 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, беш аз 60 сол машғули таҳқиқоти илмӣ буд.Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буданд ва дар ин мавзуъҳо китобу рисолаву мақолаҳои зиёд нашр кардааст.Дар тӯли солҳои фаъолияташ Додихудоев дар мақоми мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ кор карда, аз соли 2009 то дами маргаш сарходими илмии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.Муҳимтарин корҳои илмии Хаёлбек Додихудоев "Фалсафаи Исмоилия" ва "Фалсафаи исёнҳои мардуми деҳқон" мебошанд.Марҳум бо ордени "Дустӣ", медали "Ветерани меҳнат" мушарраф шудааст.
https://sputnik.tj/20211025/hamsar-fayzali-hasan-darguzasht-1043077742.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/06/1032958562_56:0:967:683_1920x0_80_0_0_43dfcc175b42b7a5e9c81c66d9e31c55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, даргузашт, ҳамдардӣ, олим, ёдгор файзов, раиси вмкб
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, даргузашт, ҳамдардӣ, олим, ёдгор файзов, раиси вмкб
"Устоди садҳо олим": Файзов ба наздикони Додихудоев сабри ҷамил хост
18:00 25.10.2021 (Навсозишуда: 19:35 25.10.2021) Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз профессори марҳум Хаёлбек Додихудов ҳамчун инсони комил, олими шинохта ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Хаёлбек Додихудоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо ва Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр аз олам даргузашт.
Профессори марҳум 85 сол дошт.
Дар робита ба даргузашти ин олими тоҷик раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хост.
Файзов аз профессори марҳум Додихудоев ҳамчун як инсони комил, олими шинохта, ташкилотчӣ ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ном бурд.
"Бо заҳмату пажуҳиш ва тадқиқоти худ ин олими зиндаёд тавонист хазинаи илм, махсусан соҳаи фалсафаро ғановатманд намуда, дар омода намудани кадрҳои болаёқат саҳми сазовор гузорад", - изҳор доштааст раиси вилоят.
Хаёлбек Додихудоев 9 майи соли 1936 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1960 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, беш аз 60 сол машғули таҳқиқоти илмӣ буд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буданд ва дар ин мавзуъҳо китобу рисолаву мақолаҳои зиёд нашр кардааст.
Дар тӯли солҳои фаъолияташ Додихудоев дар мақоми мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ кор карда, аз соли 2009 то дами маргаш сарходими илмии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.
Муҳимтарин корҳои илмии Хаёлбек Додихудоев "Фалсафаи Исмоилия" ва "Фалсафаи исёнҳои мардуми деҳқон" мебошанд.
Марҳум бо ордени "Дустӣ", медали "Ветерани меҳнат" мушарраф шудааст.