https://sputnik.tj/20211025/dargirii-tolibon-u-doish-boisi-margi-7-kudaku-3-zan-shud-1043074142.html
Даргирии "Толибон"*-у "ДОИШ"* боиси марги 7 кӯдаку 3 зан шуд
Даргирии "Толибон"*-у "ДОИШ"* боиси марги 7 кӯдаку 3 зан шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари ин задухӯрд дасти кам 17 нафар қурбон шуданд, аз ҷумла 7 кӯдак ва се зан кушта шуданд
2021-10-25T11:45+0500
2021-10-25T11:45+0500
2021-10-25T16:02+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/95/1022839500_0:187:2300:1481_1920x0_80_0_0_08a81e7e01ed8c37d1a2ce16a4f3f7df.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар даргирии миёни "Толибон"* ва аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Маннон Ниёзӣ, ки аксарашон ба гурӯҳи "ДОИШ"* пайвастаанд, дастикам 17 нафар ба қатл расид.Ин задухӯрд дар шаҳри Ҳирот сар зад ва боиси марги 7 кӯдаку се зан гардид, хабар медиҳад рӯзномаи "Ettelaat".Ба гузориши ин манбаъ, тирпаронӣ рӯзи 24-уми октябр дар кӯчаҳои шаҳр дар нисфирӯзӣ оғоз шуда, тамоми рӯз идома кадааст. Тайи он ба иловаи 17 қурбонӣ ҳамчунин чандин ғайринизомӣ шадидан захмӣ гардида, ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.Дар ҳамин ҳол сухангӯи "Толибон"* дар сафҳаи "Twitter"-и худ роҷеъ ба ин қазия навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ бо теъдоде аз одамрабоён вориди даргирӣ шуда ва се нафар аз "ҷинояткорон"-ро куштанд.Зимнан аъзои "Толибон"* ҷасади чанд мухолифи кушташударо бо худ гирифта, дар Ҳирот давр заданд. Қаблан низ аъзои ин гурӯҳ ҷасади чанд одамраборо тавассути крани борбардор бардошта, дар кӯчаҳо намоиш дода буданд.* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211024/dargiri-musallahona-tolibon-hirot-1043070821.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102283/95/1022839500_192:0:2189:1498_1920x0_80_0_0_e3be9f9aea6695c083b7ed8a8dee0ef8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон толибон*
Даргирии "Толибон"*-у "ДОИШ"* боиси марги 7 кӯдаку 3 зан шуд
11:45 25.10.2021 (Навсозишуда: 16:02 25.10.2021) Бар асари ин задухӯрд дастикам 17 нафар, аз ҷумла 7 кӯдаку се зан кушта шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар даргирии миёни "Толибон"* ва аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Маннон Ниёзӣ, ки аксарашон ба гурӯҳи "ДОИШ"* пайвастаанд, дастикам 17 нафар ба қатл расид.
Ин задухӯрд дар шаҳри Ҳирот сар зад ва боиси марги 7 кӯдаку се зан гардид, хабар медиҳад рӯзномаи "
Ettelaat".
Ба гузориши ин манбаъ, тирпаронӣ рӯзи 24-уми октябр дар кӯчаҳои шаҳр дар нисфирӯзӣ оғоз шуда, тамоми рӯз идома кадааст.
Тайи он ба иловаи 17 қурбонӣ ҳамчунин чандин ғайринизомӣ шадидан захмӣ гардида, ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи "Толибон"* дар сафҳаи "Twitter"-и худ роҷеъ ба ин қазия навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ бо теъдоде аз одамрабоён вориди даргирӣ шуда ва се нафар аз "ҷинояткорон"-ро куштанд.
Зимнан аъзои "Толибон"* ҷасади чанд мухолифи кушташударо бо худ гирифта, дар Ҳирот давр заданд. Қаблан низ аъзои ин гурӯҳ ҷасади чанд одамраборо тавассути крани борбардор бардошта, дар кӯчаҳо намоиш дода буданд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия