Рӯзи муборизаи занон ба хотири сулҳ: 25 октябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 октября
День 25 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Рӯзи 25-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ буда, дар Федератсияи Русия чун Рӯзи кормандони гумрук таҷлил мешавад

Рӯзи 25-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1963 қисми аввали китоби "Таърихи халқи тоҷик", ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.
Соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин театри миллии шоҳӣ боз шуд.
Соли 1990 аввалин барномаи телевизионии "Поле чудес"- и Влад Листев пахш гардид.
День 24 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Зодрӯзи Ҳалим Тоҳиров: 24 октябр дар таърих
Соли 2001 системаи "Microsoft Windows" XP ба истифода дода шуд.
Соли 2009 дар Бағдод бузургтарин ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок шуд.

Рӯзи 25-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.
День 23 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Зодрӯзи Руқия Қурбонова ва Рӯзи бабри барфӣ: 23 октябр дар таърих
Соли 1961 унвони Шоир (нависанда)-и халқии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 25-уми октябр

Рӯзи ҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.
Рӯзи кормандони гумрук дар Федератсияи Русия.

Рӯзи 25-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1907 – шоири русзабон ва мутарҷими тоҷикистонӣ Василий Кириллов.
Соли 1910-1981 – академик Комил Тоҷиев.
Соли 1913-1989 – нависанда Ҳоҷӣ Содиқ.
Соли 1940-2001 – дипломат Карим Юлдошев.
Соли 1941 – ҳунарпешаи театр Берди Мингбоев.
Соли 1951 – иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.
Соли 1952 – нависанда Субҳон Ёдгорӣ.
Лентаи хабарҳо
0