https://sputnik.tj/20211024/korshinos-ehtimol-ruzho-ghayrikori-rusiya-tamdid-1043068016.html
Коршинос: Эҳтимол рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия тамдид шаванд
Коршинос: Эҳтимол рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия тамдид шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Барои то ҳадде коҳиш додани сатҳи гирифторӣ ба коронавирус лоақал ду ҳафта лозим аст 24.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-24T16:30+0500
2021-10-24T16:30+0500
2021-10-25T12:20+0500
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032114217_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_4289c3240d70ae975a989ef663891a56.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия бинобар вазъи коронавирус эҳтимол тамдид шаванд, изҳор дошт Андрей Исаев, мудири Маркази илмии тадқиқотии молекулавии генетикӣ.Ба таъкиди ӯ, барои пурра мубориза бурдан бо коронавирус тамосҳо бояд ҳадди аққал ду ҳафта қатъ шаванд.Коршинос инчунин қайд кард, ки ҳоло ҳукумат барои баланд бардоштани фарогирии ваксина бар зидди ковид ҳама чораҳои заруриро меандешад. "Дар кишварҳои Аврупо, 80 дарсади аҳолӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифтанд, ҳоло наврасон ҳам гирифта истодаанд. То замоне ки Русия дар ин масъала ба сатҳи Аврупо нарасад, вазъият ҳамоно вазнин боқӣ хоҳад монд", - илова намуд ӯ.Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, бинобар вазъи номусоиди эпидемиологӣ аз 30 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.Дар баробари ин чораҳои маҳдудкунанда метавонанд дар минтақаҳои гуногуни Русия фарқ кунанд.Дар Маскаву ва вилояти ҳамноми он бинобар вазъи коронавирус аз 28 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.
https://sputnik.tj/20211020/putin-haftai-avvali-noyabrro-tatil-elon-kard-1042995222.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032114217_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a5ef6df92d39240d1b7804b982f7c396.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, дар русия, коронавирус
тандурустӣ, дар русия, коронавирус
Коршинос: Эҳтимол рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия тамдид шаванд
16:30 24.10.2021 (Навсозишуда: 12:20 25.10.2021) Барои то ҳадде коҳиш додани сатҳи гирифторӣ ба коронавирус лоақал ду ҳафта лозим аст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Рӯзҳои ғайрикорӣ дар Русия бинобар вазъи коронавирус эҳтимол тамдид шаванд, изҳор дошт Андрей Исаев, мудири Маркази илмии тадқиқотии молекулавии генетикӣ.
Ба таъкиди ӯ, барои пурра мубориза бурдан бо коронавирус тамосҳо бояд ҳадди аққал ду ҳафта қатъ шаванд.
"Ҳукумат аз 30 октябр то 7 ноябр таътил эълон кард. Аммо эҳтимол аст, ки он тамдид шавад. Зеро давраи ҳадди ақал, ки пас аз он коҳиш ба мушоҳида мерасад, на камтар аз ду ҳафта аст", - афзудааст Исаев.
Коршинос инчунин қайд кард, ки ҳоло ҳукумат барои баланд бардоштани фарогирии ваксина бар зидди ковид ҳама чораҳои заруриро меандешад.
"Дар кишварҳои Аврупо, 80 дарсади аҳолӣ алайҳи коронавирус ваксин гирифтанд, ҳоло наврасон ҳам гирифта истодаанд. То замоне ки Русия дар ин масъала ба сатҳи Аврупо нарасад, вазъият ҳамоно вазнин боқӣ хоҳад монд", - илова намуд ӯ.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он, бинобар вазъи номусоиди эпидемиологӣ аз 30 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.
Дар баробари ин чораҳои маҳдудкунанда метавонанд дар минтақаҳои гуногуни Русия фарқ кунанд.
Дар Маскаву ва вилояти ҳамноми он бинобар вазъи коронавирус аз 28 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд.