https://sputnik.tj/20211024/emelyanenko-amrikoi-nokaut-video-1043063943.html
Пирӯзӣ дар якуним дақиқа: Емеляненко амрикоиро нокаут кард - видео
Пирӯзӣ дар якуним дақиқа: Емеляненко амрикоиро нокаут кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Рақобати муборизи рус бо рақибаш ҳамагӣ беш аз сад сония давом кард: Емеляненко Ҷонсонро дар даври аввал нокаут кард
2021-10-24T11:37+0500
2021-10-24T11:37+0500
2023-07-04T17:42+0500
видео
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рақобат
федор емеляненко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/18/1043062994_0:24:2506:1434_1920x0_80_0_0_5a573524bb266d527c957857ca256ebc.png
Муборизи риштаи муҳорибаҳои омехтаи Русия (ММА) Федор Емеляненко дар Bellator дар Маскав бар Тимоти Ҷонсон ғолиб омад. Аз лаҳзаи аввали муҳориба Емеляненко ва Чонсон ба муштзанӣ пардохтанд. Амрикоӣ дар дақиқаи дуввум зарбаи сахт гирифт. Емеляненко гуфт, дар сабқати Тайсону Ҷонс киро пирӯз мебинадВарзишкори рус дарҳол аз фурсат истифода карда ҳуҷумро давом дод: ӯ ба рақиб боз ду зарба зада ва ӯро ба замин афтонд. Баъд аз ин, довар фавран рақобатро қатъ кард. Федори 45-сола дар тӯли фаъолияташ 40 ғалаба (31 — пеш аз мухлат) ва шаш бохт дорад. Ҷонсони 36-сола бошад 15 маротиба (11 пеш аз муҳлат) дар тӯли фаъолияташ пирӯз шуда ва ҳашт бор мағлуб шудааст.Инчунин, дар аввалин мусобиқаи Bellator дар Русия, се шогирди "Императори охирин" - Кирил Сиделников, Анатолий Токов ва Никита Михайлов пирӯз шуданд. Дар баробари ин Емеляненко ба саволи идомаи фаъолият дар MMA чунин посухи аниқ надод.Ин рақобатро қаҳрамони собиқи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ тамошо кард.Ба гуфти ӯ, рақобат махсусан бо назардошти синну соли Емеляненко, хеле босуръат анҷом ёфт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/18/1043062994_281:0:2225:1458_1920x0_80_0_0_2575a87e16b5ab6182bae5687eb6fb98.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳориба, емеляненко, рақобат, аз пой афтонидан
муҳориба, емеляненко, рақобат, аз пой афтонидан
Пирӯзӣ дар якуним дақиқа: Емеляненко амрикоиро нокаут кард - видео
11:37 24.10.2021 (Навсозишуда: 17:42 04.07.2023) Рақобати муборизи рус бо рақибаш ҳамагӣ беш аз сад сония давом кард: Емеляненко Ҷонсонро дар даври аввал нокаут кард
Муборизи риштаи муҳорибаҳои омехтаи Русия (ММА) Федор Емеляненко дар Bellator дар Маскав бар Тимоти Ҷонсон ғолиб омад.
Аз лаҳзаи аввали муҳориба Емеляненко ва Чонсон ба муштзанӣ пардохтанд. Амрикоӣ дар дақиқаи дуввум зарбаи сахт гирифт.
Варзишкори рус дарҳол аз фурсат истифода карда ҳуҷумро давом дод: ӯ ба рақиб боз ду зарба зада ва ӯро ба замин афтонд. Баъд аз ин, довар фавран рақобатро қатъ кард.
Федори 45-сола дар тӯли фаъолияташ 40 ғалаба (31 — пеш аз мухлат) ва шаш бохт дорад.
Ҷонсони 36-сола бошад 15 маротиба (11 пеш аз муҳлат) дар тӯли фаъолияташ пирӯз шуда ва ҳашт бор мағлуб шудааст.
Инчунин, дар аввалин мусобиқаи Bellator дар Русия, се шогирди "Императори охирин" - Кирил Сиделников, Анатолий Токов ва Никита Михайлов пирӯз шуданд.
Дар баробари ин Емеляненко ба саволи идомаи фаъолият дар MMA чунин посухи аниқ надод.
"Мо тибқи шартнома бо созмон боз як рақобати дигар дорем, мо бо президенти лига Скотт Кокер суҳбат мекунем. Ҳоло ман мехоҳам ба хона равам, ба назди духтарон - онҳо маро интизоранд, ман онҳоро пазмон шудам", — гуфт варзишкор зимни нишасти матбуотӣ.
Ин рақобатро қаҳрамони собиқи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ тамошо кард.
Ба гуфти ӯ, рақобат махсусан бо назардошти синну соли Емеляненко, хеле босуръат анҷом ёфт.