https://sputnik.tj/20211024/belorus-ba-tojikiston-kumak-firistod-1043067231.html
Беларус ба Тоҷикистон кумак фиристод
Беларус ба Тоҷикистон кумак фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Кумаки ирсолнамудаи Беларус ба Тоҷикистон аз хаймаву генератори барқӣ, маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст 24.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-24T15:30+0500
2021-10-24T15:30+0500
2021-10-25T12:09+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
белорус
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032457398_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_4af7d587c80aefaa79cc3c34ed59f7a7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Беларус ба Тоҷикистон беш аз 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора шабакаи телевизионии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад, ба Тоҷикистон генераторҳои барқӣ, хайма, ғизо ва маҳсулоти тиббӣ оварда мешавад. Ҳавопаймои низомии Беларус ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ хоҳад расид. Дар ин ҷо ӯро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пешвоз мегиранд. Пас аз он кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон фиристода мешавад.Вазорати мудофиаи Беларус қайд кард, ки ёрӣ аз номи Шӯрои Вазирони кишвар бо ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда интиқол дода мешавад. Таркиби кумаки башардӯстона бо ҷониби Тоҷикистон пешакӣ баррасӣ шуд. Арзиши он зиёда аз 410 ҳазор доллар аст.Бор бо кумаки созмонҳои мухталифи Беларус ҷамъоварӣ шуд ва захираҳои моддии давлатӣ низ ба ин ташаббус ҷалб карда шуданд.
https://sputnik.tj/20210916/tolibon-panjsher-kumak-aloqa-barqaror-1042297642.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032457398_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d036b2e7547bc844d6a54f735d17154e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , белорус, кӯмак
дар тоҷикистон, сиёсат , белорус, кӯмак
Беларус ба Тоҷикистон кумак фиристод
15:30 24.10.2021 (Навсозишуда: 12:09 25.10.2021) Кумаки ирсолнамудаи Беларус ба Тоҷикистон аз хаймаву генератори барқӣ, маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Беларус ба Тоҷикистон беш аз 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора шабакаи телевизионии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.
"Дар фурудгоҳи Мачулишчи наҷотдиҳандагони беларус аллакай беш аз 40 тонна кумаки башардӯстонаро ба ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76МД бор кардаанд", — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ба Тоҷикистон генераторҳои барқӣ, хайма, ғизо ва маҳсулоти тиббӣ оварда мешавад. Ҳавопаймои низомии Беларус ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ хоҳад расид. Дар ин ҷо ӯро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пешвоз мегиранд.
Пас аз он кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон фиристода мешавад.
Вазорати мудофиаи Беларус қайд кард, ки ёрӣ аз номи Шӯрои Вазирони кишвар бо ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда интиқол дода мешавад.
Таркиби кумаки башардӯстона бо ҷониби Тоҷикистон пешакӣ баррасӣ шуд. Арзиши он зиёда аз 410 ҳазор доллар аст.
Бор бо кумаки созмонҳои мухталифи Беларус ҷамъоварӣ шуд ва захираҳои моддии давлатӣ низ ба ин ташаббус ҷалб карда шуданд.