https://sputnik.tj/20211023/salibi-surkh-buhroni-insoni-afghoniston-hushdor-1043057045.html
Салиби Сурх дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Салиби Сурх дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Салиби Сурх аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то бо “Толибон”* барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар Ағонистон кумак кунанд
2021-10-23T16:50+0500
2021-10-23T16:50+0500
2021-10-23T16:50+0500
афғонистон
кӯмаки башардӯстона
осиёи марказӣ
салиби сурх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975213_0:239:3070:1966_1920x0_80_0_0_101ae486b56159e816db96da92148920.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Салиби Сурх дар изҳороти ахири худ ҳушдор додааст, ки танҳо гурӯҳҳои имдодрасон дар Афғонистон наметавонанд бо бӯҳрони башарӣ мубориза баранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо “Толибон”* ҳамкорӣ кунад.Роберт Мардини, дабири кулли Салиби Сурх гуфт, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва созмонҳои дигар талошҳои худро дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани “Толибон”* афзоиш доданд.Вай инчунин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои ҳамкорӣ бо “Толибон”* рафтори эҳтиёткорона дорад, барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии мардуми Афғонистон муҳим аст.Ин масъули Салиби Сурх афзуд, ки созмонҳои башардӯстона бояд талошҳои худашонро дучанд афзоиш доданд ва даст аз роҳҳалҳои мувақат бардоранд.Қаблан Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар хостори амали фаврӣ барои ҳалли мушкилоти миллионҳо нафари осебпазир дар Афғонистон шуда буд.Ба гуфтаи ин федератсия, ҳудуди 18 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.Иёлоти Муттаҳида ҳузури 20-солаи худро дар Афғонистон тақрибан ду моҳ пеш ба поён расонд ва дар ҳоле ки “Толибон”* ин кишварро таҳти назорат гирифтанд.*- гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211023/tasisi-fond-yori-iqtisod-afghoniston-1043054154.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975213_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_dc41db5a806293c6ab2a4b4bc9e01b7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, фоҷеаи инсонӣ, ҷилавгирӣ, салиби сурх
афғонистон, толибон, фоҷеаи инсонӣ, ҷилавгирӣ, салиби сурх
Салиби Сурх дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор дод
Салиби Сурх аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то бо “Толибон”* барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар Ағонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Салиби Сурх дар изҳороти ахири худ ҳушдор додааст, ки танҳо гурӯҳҳои имдодрасон дар Афғонистон наметавонанд бо бӯҳрони башарӣ мубориза баранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо “Толибон”* ҳамкорӣ кунад.
Роберт Мардини, дабири кулли Салиби Сурх гуфт, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва созмонҳои дигар талошҳои худро дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани “Толибон”* афзоиш доданд.
Вай инчунин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои ҳамкорӣ бо “Толибон”* рафтори эҳтиёткорона дорад, барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии мардуми Афғонистон муҳим аст.
Ин масъули Салиби Сурх афзуд, ки созмонҳои башардӯстона бояд талошҳои худашонро дучанд афзоиш доданд ва даст аз роҳҳалҳои мувақат бардоранд.
Қаблан Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар хостори амали фаврӣ барои ҳалли мушкилоти миллионҳо нафари осебпазир дар Афғонистон шуда буд.
Ба гуфтаи ин федератсия, ҳудуди 18 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳузури 20-солаи худро дар Афғонистон тақрибан ду моҳ пеш ба поён расонд ва дар ҳоле ки “Толибон”* ин кишварро таҳти назорат гирифтанд.
*- гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон