Пешниҳоди Вазорати меҳнати Русия: Квотаи муҳоҷирони меҳнатӣ кам карда шавад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти Русия тасмим дорад шумори муҳоҷирони меҳнтии ҷалбшударо дар қиёс ба соли 2019-и пеш аз пандемия 14 дарсад кам кунад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Мақомоти Русия пешниҳод намудааст, ки теъдоди коргарони хориҷӣ, ки бар асоси раводид меоянд, коҳиш дода шаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия.
Ҳамин тариқ, вазорат пешниҳод кардааст, ки квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2022 ба андозаи 85 дарсад дар қиёс ба давраи пеш аз пандемия муқаррар карда шавад.
"Вазорати меҳнат пешниҳод кард, ки квота барои ҷалби коргарони хориҷӣ, ки бар асоси раводид ба Русия меоянд, дар соли 2022 дар доираи 124 ҳазор нафар муқаррар гардад", - омадааст дар изҳороти вазорати Русия.
Қайд карда мешавад, ки дар соли 2019 квотаҳо барои коргарони хориҷӣ 144,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба давраи пеш аз пандемия шумораи онҳо беш аз 14 дарсад кам шудааст.
Гулмахмадзода Давлатшох, посол РТ в РФ в Республике Чувашии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Сафири Тоҷикистон дар Русия барои баррасии масоили муҳоҷиратӣ ба Чувашистон рафт
Ин талабот бар асоси пешниҳоди мақомоти федералӣ ва минтақавӣ муайян карда мешавад.
Лоиҳа бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат омода шудааст. Қарор дар бораи ба кор қабул кардани коргари хориҷӣ тибқи квота дар сурате сурат мегирад, ки агар дар дохили кишвар мутахассис пайдо нашавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти вилояти Омск тасмим доранд дар соли 2022 арзиши патенти кор барои хориҷиёнро тағйир диҳанд.
Соли оянда барои патенти меҳнатӣ дар як моҳ беш аз 4 ҳазор рубл пардохт бояд кард, дар ҳоле ки дар соли 2021 нархи он дар як моҳ 3890 рублро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0