Барои дифоъ омодаанд: машқҳои СААД дар марзи Афғонистон - видео

Обуна шудан
Нерӯҳои СААД тавоноии нерӯи худро озмоиш карданд ва барои ҳифзи Тоҷикистон аз ҳамлаи беруна чораҳо андешиданд
Дар Тоҷикистон машқҳои СААД "Бародарии ҷангӣ - 2021" дар ҳоли баргузориянд. Дар он тақрибан 4 ҳазор низомии кишварҳои СААД бо 500 адад дастгоҳи низомӣ ширкат мекунанд.
Ин тамринҳо сарбозону афсарони Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро мегиранд.
Машқҳо дар се марҳила гузаронида шуда, то 23 октябр идома хоҳанд кард.
"Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон оварданд
Дар размоиши "Эшелон-2021" масъалаҳои боркашонӣ ва таъминоти моддию техникии нерӯҳо тамрин мешавад.
Вазифаи низомиён дар бахши "Ҷустуҷӯ-2021"-и размоиш тамрини супоришҳои иктишофӣ, инчунин омодагӣ ба амалиёти низомии муштарак аст.
Дар марҳилаи охирин - "Ҳамкорӣ -2021" эътилоф амалиёти низомӣ мегузаронад ва бартараф кардани муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадиро тамрин мекунад.
СААД нақшаи амал ҳангоми ҳамлаи террористони афғон ба Тоҷикистонро эълон кард
Ин машқҳо дар пасманзари таҳдиди афзояндаи террористӣ аз сӯйи Афғонистон сурат мегиранд. Ҳангоми машқ нерӯҳои эътилоф тасдиқ карданд, ки онҳо қодиранд, сарҳадоти СААД-ро ҳифз кунанд.
Лентаи хабарҳо
0