Чувашистони Русия ба 250 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик ниёз дорад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОбработка камня на заводе в Таджикистане
Обработка камня на заводе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти Чувашистони Русия ба мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин минтақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дорад ва онҳо омода ҳастанд 250 ҳазор муҳоҷири меҳнатиии тоҷикро қабул ва ба кор таъмин намоянд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Корхонаҳои Чувашистон ният доранд 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро ба кор даъват намоянд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Гуфта мешавад, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ахиран ба Ҷумҳурии Чувашистони Русия сафар карда буд.
Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба ин минтақа бо роҳбари Чувашистон Олег Николаев мулоқот кардааст.
Ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Чувашистонро дар бахшҳои гуногун, инчунин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ карданд.
Гулмахмадзода Давлатшох, посол РТ в РФ в Республике Чувашии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Сафири Тоҷикистон дар Русия барои баррасии масоили муҳоҷиратӣ ба Чувашистон рафт
Гулмахмадзода ва Николаев ҳавасмандии худро ба густариши соҳаҳои ҳамкории байниминтақавӣ изҳор намуданд.
Аз ҷумла, тарафҳо аз ҳамкорӣ дар бахши саноат, маориф ва амалӣ намудани лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид намуданд.
Тарафҳо зимни мулоқот дар бораи ба кор таъмин намудани муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва инчунин содироти маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ба бозорҳои Чувашистон созиш карданд.
Ҳамзамон, сафири Тоҷикистон аз Корхонаи трактор ва Холдинги электротехникии “ЧЭАЗ” дидан кард.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони ин корхонаҳо ба сафири Тоҷикистон гуфтанд, ки имкон доранд беш аз 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро ба кор дар ин корхонаҳо таъмин намоянд.
Лентаи хабарҳо
0