Олими тоҷик дар Маскав даргузашт: Ӯ 55 сол дошт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Марҳум чанд сол инҷониб ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Академик Ҳикмат Муъминов дар шаҳри Маскав даргузашт. Хабари даргузашти ин олимро дафтари матбуотии Академияи улуми Тоҷикистон таъйид намуда, аз номи роҳбари ин ниҳод Фарҳод Раҳимӣ ба хешу пайвандони марҳум изҳори тасаллият намудаст.
Ба иттилои манбаъ, олими тоҷик 55 сол дошт ва гирифтори бемории саратон буду дар шаҳри Маскав табобат мегирифт.
Муъмин Қаноат бо ҳамсар ва келини собиқаш Шаҳноз Комилзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
"Ҳамрози 61 сол": ҳамсари Муъмин Қаноат даргузашт
Марҳум олими физика ва математика буда, чанд сол инҷониб ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон будааст.
Ин олим асосан дар соҳоти физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ, наномаводҳо тадқиқоҳои илмӣ анҷом дода буд.

Ҳикмат Муъминов кист

Муъминов Ҳикмат Ҳалимович 14 сентябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро аз рӯи ихтисоси физика хатм намуда, соли 1996 доктори илмҳои физика ва математика шуд. Ҳамчунин соли 2017 унвони академикро гирифт.
Марҳум соли 1988 бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шуд. Илова бар ин соли 2015 нишони Аълочии маорифи Тоҷикистонро касб кард.
Лентаи хабарҳо
0