https://sputnik.tj/20211021/khf-palang-gurusna-pomir-hamla-1043004045.html
Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир
Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ишкошим як даррандаи гурусна беш аз 40 сар чорвои хонагиро пора-пора кардааст
2021-10-21T10:39+0500
2021-10-21T10:39+0500
2021-10-21T12:17+0500
вмкб
кҳф
паланг
ҳайвонот
табиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/16/1029971690_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_8bf98f62eb9d050bb3d9b15d88bdd4b0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паланги гуруснае чорвои сокинони маҳаллиро нобуд ва захмӣ кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.Ҳодиса 20 октябр, тахминан соати 04:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар деҳаи Зонг рух додааст. Ҳайвони ваҳшӣ ба чорвоёни як сокини маҳаллӣ, ки дар оғилаш буданд, ҳамла кардааст.Дар пайи ин ҳодиса КҲФ тавсия додааст, чӣ гуна чорворо аз ҳамлаҳои паланг ва хирсҳо, ки бо фарорасии сардӣ хеле фаъол мешаванд, муҳофизат кардан мумкин аст. Чорворо бояд бонӣ кард, мегӯяд ин ниҳод.Ҳар гуна чарои чорво бояд танҳо дар вақти рӯз ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Шӯбон бояд таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ дошта бошад, то даррандаҳоро тарсонад. Аз сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ даъват мешавад, ки чорвои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ҳама фермаҳо, оғилҳо, говхонаҳо бояд девори баландии на камтар аз 2,5 метр дошта бошанд. Сагҳои хонагӣ бояд барои посбонӣ бошанд ва барои бехатарии онҳо низ макони муносиб омода кард.Кумита тавзеҳ дод, ки ҳама ҷасадҳои ҳайвоноти мурда аз тариқи сӯзондан бояд нобуд карда шаванд.
https://sputnik.tj/20211020/rubaru-khirs-khf-chi-boyad-kard-1042986990.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/16/1029971690_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_8176e189dea069b9d14b17b36cad97c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф паланг гурусна деҳаҳо помир ҳамла
кҳф паланг гурусна деҳаҳо помир ҳамла
Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир
10:39 21.10.2021 (Навсозишуда: 12:17 21.10.2021) Дар Ишкошим як даррандаи гурусна беш аз 40 сар чорвои хонагиро пора-пора кардааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паланги гуруснае чорвои сокинони маҳаллиро нобуд ва захмӣ кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ҳодиса 20 октябр, тахминан соати 04:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар деҳаи Зонг рух додааст. Ҳайвони ваҳшӣ ба чорвоёни як сокини маҳаллӣ, ки дар оғилаш буданд, ҳамла кардааст.
"Паланг 31 сар чорвои хурди шохдорро нобуд карда, ҳамчунин 8 гӯсфанду ду говро захмӣ кард", - омадааст дар гузориш.
Дар пайи ин ҳодиса КҲФ тавсия додааст, чӣ гуна чорворо аз ҳамлаҳои паланг ва хирсҳо, ки бо фарорасии сардӣ хеле фаъол мешаванд, муҳофизат кардан мумкин аст. Чорворо бояд бонӣ кард, мегӯяд ин ниҳод.
Ҳар гуна чарои чорво бояд танҳо дар вақти рӯз ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Шӯбон бояд таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ дошта бошад, то даррандаҳоро тарсонад.
Аз сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ даъват мешавад, ки чорвои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ҳама фермаҳо, оғилҳо, говхонаҳо бояд девори баландии на камтар аз 2,5 метр дошта бошанд.
Сагҳои хонагӣ бояд барои посбонӣ бошанд ва барои бехатарии онҳо низ макони муносиб омода кард.
Кумита тавзеҳ дод, ки ҳама ҷасадҳои ҳайвоноти мурда аз тариқи сӯзондан бояд нобуд карда шаванд.