https://sputnik.tj/20211021/buruz-shtammi-navi-koronavirus-dar-rusiya-1043007286.html
Бурузи штамми нави коронавирус дар Русия
Бурузи штамми нави коронавирус дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
"Роспотребнадзор" мегӯяд, дар Русия навъи нави коронавирус ошкор шудааст 21.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-21T13:00+0500
2021-10-21T13:00+0500
2021-10-21T13:55+0500
дар русия
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1e/1031814156_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_bd59fd9aea1494e0a1d544ed11e0450a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Русия штамми нави AY.4.2 ошкор шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".Раҳбари гурӯҳи илмии таҳияи усулҳои нави ташхиси бемориҳои инсон дар пажуҳишгоҳи Маркази таҳқиқотии эпидемиологияи "Роспотребнадзор" Комил Ҳофизов мегӯяд, ин навъи нав дар Русия ҳоло кам аст.Аммо ин мутахассис ба тадриҷ паҳн шудани вируси мазкурро истисно намекунад.Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки тағйир шакл кардани он то чӣ андоза суръати тавсеаи онро тағйир медиҳад. Вай афзуд, дар баъзе аз доираҳо аз ин навъ вирус "делта плюс" ном мебаранд, аммо ин ном қаблан ба як навъи дигари коронавирус ишора мешуд ва аз ин рӯ дар ин замин ҳоло нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.Мутахассис шарҳ дод, ки штамми AY.4.2 яке аз шохаҳои сершумори навъи "делта" аст.Ҳофизов қайд кард, ки эҳтимоли паҳншавии AY.4.2 дар Федератсияи Русия ва ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза вуҷуд дорад.Эпидемиологи "Роспотребнадзор" истисно накард, ки навъи нав метавонад боиси афзоиши иловагии беморӣ гардад. Ягона василаи муҳофизат ваксина аст, хусусан дар байни онҳое, ки то ҳол коронавирус надоштанд.
https://sputnik.tj/20211019/rusiya-kudakoni-giriftor-koronavirus-afzoish-1042971479.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1e/1031814156_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_7132dd0f57522242308dae8c35ef3602.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, тандурустӣ, коронавирус
дар русия, тандурустӣ, коронавирус
Бурузи штамми нави коронавирус дар Русия
13:00 21.10.2021 (Навсозишуда: 13:55 21.10.2021) "Роспотребнадзор" мегӯяд, дар Русия навъи нави коронавирус ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Русия штамми нави AY.4.2 ошкор шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Раҳбари гурӯҳи илмии таҳияи усулҳои нави ташхиси бемориҳои инсон дар пажуҳишгоҳи Маркази таҳқиқотии эпидемиологияи "Роспотребнадзор" Комил Ҳофизов мегӯяд, ин навъи нав дар Русия ҳоло кам аст.
Аммо ин мутахассис ба тадриҷ паҳн шудани вируси мазкурро истисно намекунад.
Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки тағйир шакл кардани он то чӣ андоза суръати тавсеаи онро тағйир медиҳад.
Вай афзуд, дар баъзе аз доираҳо аз ин навъ вирус "делта плюс" ном мебаранд, аммо ин ном қаблан ба як навъи дигари коронавирус ишора мешуд ва аз ин рӯ дар ин замин ҳоло нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.
Мутахассис шарҳ дод, ки штамми AY.4.2 яке аз шохаҳои сершумори навъи "делта" аст.
Ҳофизов қайд кард, ки эҳтимоли паҳншавии AY.4.2 дар Федератсияи Русия ва ҷаҳон ба таври қобили мулоҳиза вуҷуд дорад.
Эпидемиологи "Роспотребнадзор" истисно накард, ки навъи нав метавонад боиси афзоиши иловагии беморӣ гардад. Ягона василаи муҳофизат ваксина аст, хусусан дар байни онҳое, ки то ҳол коронавирус надоштанд.