https://sputnik.tj/20211019/vada-mirziyoev-mardum-afghoniston-zimiston-gurusna-1042969873.html
Ваъдаи Мирзиёев ба афғонистониён: Гурусна намемонед
Ваъдаи Мирзиёев ба афғонистониён: Гурусна намемонед
Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев ба мардуми Афғонистон ваъда додааст, ки зимистони дарпешистода аз гуруснагӣ ранҷ намекашанд
2021-10-19T16:40+0500
2021-10-19T16:40+0500
2021-10-19T16:40+0500
сиёсат
афғонистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_1828998eb14d5139b2b220c1dbadb3df.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мардуми Афғонистон зимистони имсолро бехатар хоҳанд гузаронд, иҳшор доштааст кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.Роҳбари Ӯзбекистон дар мавриди мушилоти он сӯйи Ому зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Тошканд изҳори назар намуд.Дар робита ба масъалаи зимистони бехавфи Афғонистон Мирзиеёв аснои суҳбати худ дар мавриди пандемия таъкид кард. Ӯ гуфт, ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ин гуна озмоиши ҷиддиро надида буд. Зеро вазъияти мавҷуда дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус ҳатто абарқудратҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст.Дар идома ӯ изҳор дошт, барои Ӯзбекистон аз ҳама муҳим ин аст, ки тире аз Афғонистон ба қаламрави кишвараш паронда нашавад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳукумати ин кишвар бо намояндагони "Толибон"* борҳо мулоқот баргузор кард.Ҳамчунин барои наҷот додани ардуми Афғонистон дар шаҳри Тирмиз маркази ҳамлу нақл таъсис ёфтааст, ки он ҷо ба ҳамсоякишвар миқдори зиёди кумакҳои башардӯстона фиристода мешавад.Ёдовар мешавем, ки аз маркази мазкур ҳудуди 100 тонна кумаки башардӯстона ба Мазори Шариф ирсол шуд.
https://sputnik.tj/20211017/kumak-bashardustona-tirmiz-mardum-afghoniston-1042921401.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_629b1a2547a447f267bc7240fa8cf5ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев афғонистон
шавкат мирзиёев афғонистон
Ваъдаи Мирзиёев ба афғонистониён: Гурусна намемонед
Шавкат Мирзиёев ба мардуми Афғонистон ваъда додааст, ки зимистони дарпешистода аз гуруснагӣ ранҷ намекашанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мардуми Афғонистон зимистони имсолро бехатар хоҳанд гузаронд, иҳшор доштааст кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари Ӯзбекистон дар мавриди мушилоти он сӯйи Ому зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Тошканд изҳори назар намуд.
"Мушкилоти Афғонистон ҳамаи моро водор мекунад, ки ҷиддӣ фикр кунем. Ин кишвар имсол зимистонро бехатар, бидуни гуруснагӣ ва ҷанг гузаронида метавонад ", - гуфт Мирзиёев.
Дар робита ба масъалаи зимистони бехавфи Афғонистон Мирзиеёв аснои суҳбати худ дар мавриди пандемия таъкид кард. Ӯ гуфт, ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ин гуна озмоиши ҷиддиро надида буд. Зеро вазъияти мавҷуда дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус ҳатто абарқудратҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст.
Дар идома ӯ изҳор дошт, барои Ӯзбекистон аз ҳама муҳим ин аст, ки тире аз Афғонистон ба қаламрави кишвараш паронда нашавад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳукумати ин кишвар бо намояндагони "Толибон"* борҳо мулоқот баргузор кард.
Ҳамчунин барои наҷот додани ардуми Афғонистон дар шаҳри Тирмиз маркази ҳамлу нақл таъсис ёфтааст, ки он ҷо ба ҳамсоякишвар миқдори зиёди кумакҳои башардӯстона фиристода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз маркази мазкур ҳудуди 100 тонна кумаки башардӯстона ба Мазори Шариф ирсол шуд.