Ноболиғи 7-солае зери чархи "Мерседес-Бенс" ҷон бохт

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Обуна шудан
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарчаи ноболиғе зери чархи худрав ҷон дод
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ноуҳдабароии ронандаи худрави "Мерседес-Бенс" дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боиси марги духтарчаи 7-сола шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 18-уми октябр, соати 14:30 дақиқа рух додааст.
По дороге в Панджруд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи "Мерседес-Бенс" дар шаҳраки Ғарм
Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави тамғаи "Мерседес-Бенс", сокини 30-солаи шаҳри Истиқлол ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ҳалокати духтари ҷавон зери чархи "Мерседес-Бенс" дар шаҳраки Ғарм
Дар ҳамин ҳол ронанда пиёдагарди ноболиғ, сокини 7-солаи ҷамоати деҳоти Д. Холматовро пахш намудааст.

"Дар натиҷа ноболиғ Абдуҳафиззода М. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0