https://sputnik.tj/20211019/padar-tojik-modar-qazoq-kelin-mirziyoev-oila-1042977924.html
Падар тоҷику модар қазоқу келинҳо аз миллатҳои гуногун: тавсифи Мирзиёев аз оилаи намунавӣ
Падар тоҷику модар қазоқу келинҳо аз миллатҳои гуногун: тавсифи Мирзиёев аз оилаи намунавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, оилаи намунавии кишварашро ном бурд, ки намояндагони чандин миллатҳо дар он аҳлона зиндагӣ мекунанд
2021-10-19T19:25+0500
2021-10-19T19:25+0500
2021-10-19T19:33+0500
иҷтимоъ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
миллат
оила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131914_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_db69ed83bb891a44ded92ddc8ecd518f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки бо сафарҳои пешазинтихоботияш ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар дораду бо мардум мулоқот мекунад, зиндагии оилаи бисёрмиллатии Ҷонсаидовҳоро чун намунаи ибрат мисол овард. Дар ин бора "Овози Самарқанд", нашрияи Шӯрои вакилони халқ ва ҳукумати вилояти Самарқанд дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев зимни як мулоқот дар хитоб ба ҳозирин изҳор доштааст, шояд онҳо дар бораи оилаи Ҷонсаидовҳо, ки дар маҳаллаи Оқтепаи ноҳияи Пискент зиндагӣ мекунанд, шунида бошанд."Падар тоҷик, модар қазоқ ва ҳафт келин - намояндагони миллатҳои ӯзбек, қазоқ, рус, уйғур, гурҷӣ, чечен дар ҳамзистӣ, аҳлона зиндагӣ мекунанд", - таъкид намудаст Мирзиёев. Ӯ зиндагии ин оиларо намунаи фарохдилӣ, ифодаи намоёни ҳамҷиҳатӣ хондааст. Маврид ба зикр аст, ки 24 октябр дар Ӯзбекистон баргузории интихоботи президентӣ дар назар буда, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури феълӣ аз номзадҳои асосӣ дар он мебошад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131914_73:0:1208:851_1920x0_80_0_0_010cdddc88183ac5202a51b742885c37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев, раисҷумҳур, ӯзбекистон, оила, намуна
шавкат мирзиёев, раисҷумҳур, ӯзбекистон, оила, намуна
Падар тоҷику модар қазоқу келинҳо аз миллатҳои гуногун: тавсифи Мирзиёев аз оилаи намунавӣ
19:25 19.10.2021 (Навсозишуда: 19:33 19.10.2021) Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон оилаи намунавии кишварашро ном бурд, ки намояндагони чандин миллатҳо дар он муштарак зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки бо сафарҳои пешазинтихоботияш ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар дораду бо мардум мулоқот мекунад, зиндагии оилаи бисёрмиллатии Ҷонсаидовҳоро чун намунаи ибрат мисол овард.
Дар ин бора "Овози Самарқанд", нашрияи Шӯрои вакилони халқ ва ҳукумати вилояти Самарқанд дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев зимни як мулоқот дар хитоб ба ҳозирин изҳор доштааст, шояд онҳо дар бораи оилаи Ҷонсаидовҳо, ки дар маҳаллаи Оқтепаи ноҳияи Пискент зиндагӣ мекунанд, шунида бошанд.
"Падар тоҷик, модар қазоқ ва ҳафт келин - намояндагони миллатҳои ӯзбек, қазоқ, рус, уйғур, гурҷӣ, чечен дар ҳамзистӣ, аҳлона зиндагӣ мекунанд", - таъкид намудаст Мирзиёев.
Ӯ зиндагии ин оиларо намунаи фарохдилӣ, ифодаи намоёни ҳамҷиҳатӣ хондааст.
"Ман зиндагӣ, таҷриба ва таҳаммулпазирии ин оиларо тарғиб намуда, филм ба навор мегирам", - хабар додааст Шавкат Мирзиёев.
Маврид ба зикр аст, ки 24 октябр дар Ӯзбекистон баргузории интихоботи президентӣ дар назар буда, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури феълӣ аз номзадҳои асосӣ дар он мебошад.