https://sputnik.tj/20211019/oqokhoni-iv-purnufuztarin-shakhsiyatho-jahon-islom-shinokhta-shud-1042960667.html
Оқохони IV яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд
Оқохони IV яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷойгоҳи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузориҷаҳон тайи солҳои ахир пеш рафта, дар радабандии... 19.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-19T13:15+0500
2021-10-19T13:15+0500
2021-10-19T13:28+0500
дар ҷаҳон
шоҳ карим ал-ҳусайнӣ
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102985/86/1029858603_0:285:3127:2044_1920x0_80_0_0_8fec21181ecdc6480d795cce9fff1a1c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV дар феҳристи 500 мусалмони пурнуфузи дунё дар мақоми 30-ум ҷой гирифтааст.Феҳрасти 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.Ҳамчунин ин феҳраст кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро шомил мешавад.Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.Ба панҷгонаи аввал президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, яке аз олимони машҳури ислом дохил мешаванд.Оқохони IV кист?Шоҳзода Карим Оқохони IV 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
https://sputnik.tj/20211017/prezident-poris-farzand-oqokhoni-iv-vokhurd-1042920457.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102985/86/1029858603_222:0:2951:2047_1920x0_80_0_0_2c960ca3efbaac002d481c4377e141be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, шоҳ карим ал-ҳусайнӣ, дин ва оин
дар ҷаҳон, шоҳ карим ал-ҳусайнӣ, дин ва оин
Оқохони IV яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд
13:15 19.10.2021 (Навсозишуда: 13:28 19.10.2021) Ҷойгоҳи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузориҷаҳон тайи солҳои ахир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV дар феҳристи 500 мусалмони пурнуфузи дунё дар мақоми 30-ум ҷой гирифтааст.
Феҳрасти 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.
Ҳамчунин ин феҳраст кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро шомил мешавад.
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввал президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, яке аз олимони машҳури ислом дохил мешаванд.
Шоҳзода Карим Оқохони IV 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.
Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.