Оғози қабули коргарони ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон барномаи озмоишии ҷалби 10 ҳазор муҳоҷир ба кор дар сохтмонҳои Русия оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар ин кишвар лоиҳаи озмоишии ҷалби муҳоҷирони корӣ барои фаъолият дар сохтмонҳои Русия оғоз ёфт, гуфт намояндаи Агентии муҳоҷирати хориҷӣ дар назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории ин ҷумҳурӣ.
Пештар хабар дода шуд, ки 10 ҳазор муҳоҷири ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия мераванд.
"Имрӯз 35 нафари аввал аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва озмоиши охирин дар доираи барнома ба охир мерасад", - гуфт намояндаи оҷонсӣ.
Дар ҳамин ҳол намояндагони 10 ширкати Русия барои гузаронидани мусоҳиба ва интихоби касбӣ дар доираи барнома аллакай ба Тошканд омадаанд.
Единый миграционный центр Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Маркази ягонаи муҳоҷират ба Сахарово кӯчонида мешавад
"Рӯзҳои наздик мо бақияи рӯйхати Вазорати сохтмони Русияро интизорем", - афзуд масъули оҷонсӣ.
Русия ба оилаҳои муҳоҷирон иҷозати вуруд дод
Ёдовар мешавем, ки 7 октябр сарвазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи оғози барномаи озмоишии ҷалби 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ба сохтмонҳои Русияро имзо кард.
Пеш аз вуруд ба Русия муҳоҷирони корӣ озмоиш ва бо "Sputnik Light" моякӯбӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0