Иззат Амон ба нуҳ соли зиндон ҳукм шуд

© Фото : Аккаунт Facebook Izzat AmonИззат Амон таджикский активист в России, архивное фото
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Обуна шудан
Ӯ моҳи март аз Русия ба Тоҷикистон депорт ва сипас боздошт шуда буд
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва роҳбари "Маркази тоҷикон"-ро Додгоҳи шаҳри Душанбе муҷрим шинохта, ба муддати 9 сол зиндонӣ кард.
Дар ин бора манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро дар "қаллобӣ дар миқдори махсусан калон", қисми чори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.
Ба иттилои вай, вакили дифои Иззат Амон аз қарори додгоҳ изҳори норизоиятӣ намуда, гуфтааст, ки аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.
"Ин ҳукм ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид", - гуфтааст Саидбурҳон Шарифов, вакили дифоъ.
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Русия депорташ кард: Раҳимзода дар бораи қазияи Иззат Амон
Ёдрас мешавем, роҳбари "Маркази тоҷикон", ки ҳамчун ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон низ шинохта мешуд, 25-уми марти соли равон аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ шуд. Пас аз як рӯз мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар ва ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гашт.
Наздиконаш пештар гуфта буданд, ки ҳарчанд даъвоҳоро бепоя медонанд, омодаанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро диҳанд.
Иддае ба ин назаранд, ки Иззат Амон бо иттиҳомоти бепоя маҳкум ба зиндон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0